KGU

Муносибатҳои байналмиллалӣ

ШӮЪБАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Фаъолияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 1995 ҳамчун шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва равобити хориҷӣ оғоз ёфтааст, ки ба он шуъбаҳои ҳисоб, банақшагирӣ ва иқтисодӣ шомил мешуданд. Поягузори шуъбаи мазкур олими шинохтаи ҷумҳурӣ, профессор Шарифов Зариф Шарифович буда, робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии донишгоҳро бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда буд. Аз соли 2000 то соли 2006 сарварии шуъбаи мазкурро дотсент Сайдаҳмадов Лақай ба уҳда дошт. Соли 2008 дар натиҷаи таҷдиди сохтори донишгоҳ шуъбаи равобити байналмилалӣ ба зерсохтори алоҳида ҷудо шуда, вазифаи ноиби ректор оид ба равобити хориҷӣ таъсис ёфт. Солҳои 2009-2010 ноиби ректор оид  ба равобити хориҷӣ Ҳусейнов Муродалӣ буд. Сар карда аз соли 2010 то 2016 раҳбарии шуъбаи муносибатҳои байналимлалиро ноиби ректор, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сайдалиев Додарбек Мадалиевич ба ӯҳда доштанд.
Мақсади таъсис додани шуъба таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, мукаммалсозии ҷараёни маълумотнокӣ ва баладбардории сифати робитаҳо дар асоси истифодаи эҷодии таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.  
Дар давоми солҳои 2010-2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ шомил шуд, ки дар доираи онҳо зиёда аз 100 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик барои ширкат дар барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати омӯзишӣ равон карда шудаанд. Соли 2013 аввалин маротиба дар таърихи донишгоҳ як нафар устод ва ду нафар донишҷӯ соҳиби бурсҳои донишгоҳҳои Испания ва Италия барои таҳсил дар докторантура, магистратура ва бакалавриат гардиданд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ имкон дод, ки наздики  2 млн. сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб карда шаванд. Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 200 муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ алоқаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар доираи ин ҳамкориҳо 10 нафар устодон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карда истодаанд.



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 2-юм, ут. № 207
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-26-92
E-mail:  info@kgu.tjravobiti.khoriji@kgu.tj