KGU

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ

Факултаи Тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ

ТАРБИЯИ ЧИСМОНИ.png    

 





МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

     Факулта мутобиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумхҳурии То­ҷикистон №193 аз 13.11.2014 бо фармоиши ректори Дониш­гоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 05.05.2015 №56 дар заминаи факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд. 

Факулта дорои 2-кафедра мебошад:

1. Кафедраҳои тар­бияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он
2. Кафедраи мудофиаи граждани ва омодагии дифои ҳарбӣ

Факулта аз рӯи  ихтисосҳои 1.03.02.01-тарбияи ҷисмонӣ ва 1.030202-тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ мутахассисонро тайёр мекунад. Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факулта такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст.

Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад: 

1. «Тарбияи ҷисмонӣ: 1-03 02 01 »;
2. «Тарбияи ҷисмонӣ.ОДҲ: 1-03 02 02»;


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони моб: (+992) 
E-mail: tarbiyai.jismoni@kgu.tj