KGU

Чорабинии фарҳангӣ - фароғатии Раёсати ДДК ба номи А.Рӯдакӣ зери унвони "БАЗМИ ҶАВОНӢ"

Чорабинии фарҳангӣ - фароғатии Раёсати ДДК ба номи А.Рӯдакӣ  зери унвони "БАЗМИ ҶАВОНӢ" 13.04.2019

Чорабинии фарҳангӣ - фароғатии Раёсати ДДК ба номи А.Рӯдакӣ зери унвони "БАЗМИ ҶАВОНӢ"

        Дар таърихи 13.04.2019 аз тарафи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ зери унвони “Базми ҷавонӣ” дар назди маҷмааи 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб бахшида ба “Ваҳдати миллӣ”, “Истиқлолияти давлатӣ” ва “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо як шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар чорабинии мазкур тамоми кормандон ва донишёни донишгоҳ ҳузур доштанд.Чорабинии мазкурро сараввал ноиби ректор оид ба тарбия н.и.п , мӯҳтарам Назаров Ҳотамшо бо чунин маъно оғоз кард:

Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама шуморо ба чорабинии фарҳангию фароғатии пешкашнамудаи Раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфта, салому пайёми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам Абдулло Ҳабибуллоро ба ҳамаи шумо дӯстон, ҳамкорон, меҳмонон ва донишҷӯёни азиз мерасонам.Ба ҳам омадани мову Шумо дар ин чорабинии фарҳангӣ ба хотири таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст дар арафаи ҷашни фархундаи 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун идома дорад. Аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар назди хеш тасмим гирифтааст, ки боғи 15 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи 1 – уми майро сохта ба мардуми шаҳри Кӯлоб туҳфа намояд. Ҳамчунин сохтмони дигар иншоотҳо, аз ҷумла боғчаи замонавӣ, қомат афрохтани дарвозаи замонавӣ ба ҳусни шаҳр таровати нав зам менамояд. Баъд аз изҳори сипоси устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ , қисмати фарҳангии чорабинии мазкур оғоз гардид. Кулли донишҷӯён, сокинону меҳмонони дар чорабини ҳузур дошта , шоди намуда, ҳама дар якҷояги сипоси хешро ба аҳли раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баён карданд. Чорабини бо шодию нишонти дӯстони меҳмонон ба итмом расид.





Back to the list