KGU

Шоҳҷоизаи маҳфили адабии "Ҳамешабаҳор"-ро ДДК ба даст овард !

Шоҳҷоизаи маҳфили адабии "Ҳамешабаҳор"-ро ДДК ба даст овард ! 29.04.2019

Шоҳҷоизаи маҳфили адабии "Ҳамешабаҳор"-ро ДДК ба даст овард !

Санаи 26.04.2019 дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, шоирони шинохтаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва омӯзгорону хонандагон ,донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –полковники милитсия, Р.Раҳимзода, маҳфили адабии “Ҳамешабаҳор” бо иштироки шоири шинохтаи ҷумҳурӣ устод Хайрандеш гузаронида шуд. Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона ширкат варзида 2- нафар донишҷӯ аз ҷумла, Аҳмадов Умедҷон, донишҷӯи курси 3-юми факултети физика ва математика ва Сомеъзода Шаҳноза, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика соҳиби шоҳҷоизаи маҳфили номбурда гардида, 2- нафар донишҷӯи дигар аз ҷумлаи, Манучеҳр Латифов, донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математика ва Барфакзода Фазилатмоҳ, донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика соҳиби ҷоизаи мафҳил гардиданд. Маҳфилро донишҷӯён бо рақсу бозӣ, хондани суруду таронаҳои дилошуб ҳусни итмом бахшиданд.


Back to the list