KGU

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" фаъолияти назаррас дорад!

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" фаъолияти назаррас дорад! 08.05.2019

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" фаъолияти назаррас дорад!

     Дар толори хурди факултети Физика ва математика бо ташаббуси кафедраи илмҳои компютерӣ маҳфили “БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН” бо иштироки зиёда аз 30 аъзои маҳфили мазкур гузаронида шуд. Дар оғоҳи маҳфил мудири кафедра н.и.п Холов А.А. баромад намуда, маърузачиёнро шинос намуданд.

     Сипас маърузаи донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатика Садбарги Ғуломалӣ дар мавзӯи “Тадбиқи Smath studio дар алгебраи хаттӣ” зери роҳбарии муаллими калони кафедра Одинаев А.Р. шунида шуд.

     Маърӯзаи дуюм аз ҷониби донишҷӯ Каримова Миҷгона бо номи “Омодасозии маводи интерактивии дидактикӣ тавассути барномаҳои компютерӣ”, ки зери роҳбарии унвонҷӯи кафедра Қурбонова У.Т. омода шуда буд, пешкаш шуд.

     Маҳфили мазкур бо суолу ҷавоб ва пешниҳодҳои аъзоёни маҳфил анҷом ёфт.

 

  

Back to the list