KGU

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНИ ОБОДИИ РЎЗГОР

22.06.2019

ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ – НИШОНИ ОБОДИИ РЎЗГОР

     Ваҳдату Истиқлолият аз ободии рўзгори мардум ва аз сарсабзии кишвар дарак медиҳад. Ин аст, ки баъди ба даст овардани Исиқлолияти давлати ва Ваҳдати милли рўзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон хубу ин кишвари биҳиштосо сарсабзу хуррам гардид.

То ба даст овардани Истиқлолияти давлати ва Ваҳдати милли мардуми тоҷик азобу шиканҷаи зиёдеро паси сар кард. Аз ҳама муҳим ҷони инсоният талаф ёфт. Фарзанд падар гум карду падар фарзанд, модар дар суроғи ҷигарбанд буду оби ҳасрат аз дидаи хунбор мерехт. Аммо, хушбахтона Худованд шахсеро болои сари мо соябон намуд, ки ҳама нобасомониҳо паси сар шуд. Тоҷикистони азизи моро фазои оромию субот фаро гирифт. Тақдири ҳазорон ҳазор гуреза, ки дар дашту биёбонҳои Афғонистон аз ташнагию гуруснаги ҷон медоданд, ҳал гардид. Онҳо бо шарофати ин марди наҷиб, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Ватани аҷдодии хеш баргаштанд, боз аз оби Ватан нўш карданду аз боду ҳавояш нафас гирифтанд. Ҳамаи ин натиҷаи Ваҳдату Истиқлолият ва заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Ҷаноби Оли, муҳтарам Эмомали Раҳмон маҳсуб меёбад, ки мардум тинҷу орому осуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва ягонагию якдигарфаҳми умр ба сар мебаранд.    

Сад афсўс, ки бархе аз ашхоси носипос ба қадри ин неъматҳо намерасанд ва пайваста аз пайи озори мардумонанд:

 

Сад бор бади кардию шарми ту наомад,

Неки чи бади дошт, ки як бор накарди?

Бадии кор дар он аст, ки онҳо зери ниқоби дини мубини ислом кирдорҳои нопоки худро амали гардонида, маҳз ҷавононро дар атрофи худ ҷамъ меоваранд ва бо ваъдаҳои бардурўғ онҳоро бар зидди давлати худ омода месозанд. Душманони халқу миллати мо мехоҳанд бо амалҳи нопоки худ оромии Тоҷикистонро халадор намоянд. Аммо он нохалафон бидонанд, ки мо дигар он мардуми гумроҳи солҳои навадум нестем, он Ваҳдату Истиқлолияте, ки ба ҷоннисориҳои зиёд ба даст овардаем, ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳем ва нахоҳем дод.То ба сомон расидани Созишномаи сулҳ касе бовари надошт, ки чунин рўзҳои хушу хуррам насиби тоҷикистониён мегардад.Аз васоити ахбори омма пайваста огаҳи дорем, ки дар ҳама гўшаю канори дунё нооромие вуҷуд дорад. Дур нарафта, ба Афғонистони ҳамсоя назар мекунем. Солҳост, ки ҷанги хонумонсўзи ин мамлакати бо мо ҳамзабон хотима намеёбад, ҷони ҳазорон ҳазор ҷавон талаф ёфт, зарари иқтисодию иҷтимои низ ба авҷи аъло расидааст. Дар Ироқу Сурия низ аҳвол ҳамин аст. Аммо Тоҷикистони азизи мо ором аст, мардум осуда умр ба сар мебарад, ҳама фарзандони мо ба таълим фаро гирифта шудаанд, шароити иқтисодию иҷтимои, сиёсию фарҳанги ва илми нисбати солҳои пешин хеле боло рафтааст. Пешрафти илму техника, хоҷагии халқ, чорводори, паррандапарвари, кишоварзи ва ғайра дар авҷи тараққиёт аст. Пас, моро лозим меояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷамъ омада, баҳри ободию шукуфои ва сарсабзии ин меҳани ҷаннатосо беш аз пеш хизмат кунем ва фарзандони худро дар рўҳияи ватандўсти, хештаншиноси, дўст доштану ҳифз намудани марзу буми сарзамини хеш тарбия намоем. Ваҳдати милли ва Истиқлолияти давлатиро қадр ва ҳифз намоем, нагузорем, ки нохалафе, бадтиннате, бадкирдоре ба оромии мо халал ворид намояд.Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳамаи Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «…ба қадри ин Ватани биҳиштосо бирасед, онро қадр намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани зебову обод доред». Аз ҷумла, дар Паёми соли гузашта ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат карда: «Ман ба ҳамаи вакилони Маҷлиси Оли, аъзои Ҳукумат, ба тамоми хизматчиёни давлати, аҳли зиёи мамлакат, занону духтарони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандўст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар як фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилали ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзанди ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!»Инчунин Сарвари мамлакат бо бовари зикр намуданд: «Мо бояд бо чунин мардуми шариф ифтихор кунем ва тамоми донишу таҷриба, инчунин ҳамаи захираву имкониятҳоямонро барои таъмин намудани зиндагие сафарбар созем, ки хурду бузурги Тоҷикистон ба он шоиставу сазоворанд».Мо аҳли зиё мекўшем, ки сазовори боварии Пешвои миллати хеш бошем, мекўшем, то сухани ваҳдат, сухани оромию субот, сухани муҳаббату садоқат ва сухани меҳру вафодори вирди забони хурду бузурги ин Ватани биҳиштосо бошад. Дар ҳақиқат, агар ҷое сухан аз Ваҳдату Истиқлолият оғоз ёбад, он маъво маъвои меҳру муҳаббат, маъвои оромию ободи ва аз он сухан бўи муҳаббат, бўи вафодори ва бўи садоқат меояд. Бигузор дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ваҳдату ягонагию якдигарфаҳми, сулҳу субот ва меҳру муҳаббат зери Парчами Истиқлолият танинандоз бошад.

 

Холиқова Зайналби Кенҷаевна      

номзади илмҳои филологи, дотсент

мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи ДДК


Back to the list