KGU

ИСЛОМ ВА ТЕРРОРИЗМ

02.07.2019

ИСЛОМ ВА ТЕРРОРИЗМ


Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавобгўянд!..

Эмомалӣ Раҳмон

Бояд гуфт, ки рисолати таърихи ислом тарбияи инсон дар рўҳияи адлу инсоф, шафқату муҳаббат, таҳаммулу шукургузорӣ ва сулҳу осоиш буда, ҳар гуна зўровариву нифоқ, қатлу ғорат ва хушунатро, бахусус миёни мусулмонҳо маҳкум мекунад. Аммо чанд даҳсолаи охир қатлу кушторхои даҳшатбору ваҳшиёна ва вайронкориҳои бераҳмонае, ки аз такрафи пайравони ҳизбу ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ, содир мешаванд, дини муқаддаси исломро доғдор намуда, манфиатҷўиҳои сиёсии гурўҳу ҷараёнҳои ифротию террористӣ мартабаи ин дини ростинро коста гардонида истодаанд. Ислом табиатан бо сиёсат ҳеҷ гуна иртибот надорад. Вале сиёсикунии ислом дар солҳои охир боис шудааст, ки имрўзҳо дар давлатҳои Шарқи Наздик, Шимолу Шарқи Африқо, ҷануби Осиё ва дигар кишварҳои мусулмонӣ муборизаҳои шадид, ҷангҳои хунин ва кушторҳои гўшношунид барои ба сари қудрат омадан идома дорад. Чунонки мебинем тафриқа миёни мусулмонон имрўз на танҳо дар байни кишварҳои исломӣ ба чашм мерасад, балки ин амал миёни баъзе халқҳои мусулмонӣ дида мешавад. Мардуми мусулмони ғарқи афкори ифротӣ ва идеалогияҳои таҳмилӣ ва гурўҳу фирқаҳои гуногуни ҷудо мешаванд, яке дигареро ба куфр ҳукм мекунад ва инчунин баъзеашон дар ҳоле ки як халқу миллат ҳастанд, муқобили ҳамдигар меҷанганд.Терроризм ба маънии ба даъшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайри низомӣ, кўдакон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд рабте ба ислом надоранд. Балки бо таълимоти дини мубини ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, ихтилоф дорад. Худои бузург мефармояд: Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рўи меҳрубонӣ бар оламиён. Илова бар ин Қуръони карим бо зикри “ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон” оғоз мешавад ва дар он раҳму шафқат садҳо маротиба такрор меёбанд. Ва дар асоси таълимоти Ислом вақте мусулмоне мусулмони дигарро вомехўрад, қавли “салом” яъне сулҳро боа забон меорад. Ва намози мусулмон бо зикри салом, раҳмат ва баракат анҷом мепазирад, на бо зикри хавфу бим, ғараз ва бадиву зарар нисбат ба атрофиён. Зеро мусулмон мегўяд: “ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу”. Яъне, ба шумо сулҳ ва раҳмати баракоти Худоро мехоҳам. Аз ин лиҳоз на аз рўи воқеият, на аз рўи адолату инсоф, на аз рўи ҳақиқати таърихӣ ва на азҳ рўи сират аст, ки Исломро бо терроризм тавъам бидонем.Гуфтан ба маврид аст, ки Ислом комилтарин дини башарият буда, дастури асосии мусалмонон – Қуръон фарогири тамоми масъалаҳои куллу ҷузъ ва ҳамаи меъёрҳои қонунҳои башарӣ ва ҳадафу аъмоли дунявию ухравии ҳар офаридаи Худованд аст.Худованд бо воситаи Қуръон ба мо таълим медиҳад, ки бо ҳам иттифоқу бародар бошем ва роҳи ифроту тафриқаро пеш нагирем. Дар сураи “ Оли Имрон”, ояти 103 мефармояд: “ Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда мабошед. Ва ёд кунед неъмати Худоро, ки бар шумост. Замоне душмани якдигар будед, пас улфат дод миёни дилҳои шумо. Пас бо неъмати Худо бо ҳам бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед”.Баъд аз ҳаводиси сентябри соли 2001 олами Ғарб оиди Ислом бисёр менависад. Онҳо мегуян, ки маҳз ислом ҷавобгари асосии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон мебошанд. Сарони коалитсияҳои антитеррористӣ бошад қайд карданд, ки мубориза бар зидди террористон аст на бар зидди ислом. Мутаасифона, бештар алоқамандии исломро бор терроризм дар асоси идеологияи пешгирифтаи террористон мебинанд. Дар ин амр онҳо аз “ҷиҳод” истифода мекунанд. Террористон мехоҳанд зери пардаи ислом ва ҷиҳод амалҳое содтр кунанд,ки мақоми онро пас зада ақидаи одамонро нисбати ислом дигар кунанд.

         Мақсади омўзиши мавзўи рўз ба қадри ҳам бошад нишон додани фарқият ва зиддиятҳо байни ду мафҳум – ислом ва терроризм мебошад. Тарафи бади масъала ин аст,ки қариб ҳамаи ин амалҳо аз номи ислом содир мешаванд ва гўё муборизаи мусулмонон зидди кофирҳо бошад. Онҳое, ки мехоҳанд ислом ва терроризмро ҳаммаъно ба мардуми башар шинос кунанд худ бехабар аз исломанд.Калимаи “ Ислом” дар забони арабӣ ҳамрешаи калимаи “ сулҳ” мебошад. Аллоҳ ин динро нозил кард то ба одамон роҳи ҳақиқат, сулҳ хушбахтиро нишон диҳад. Асоси ахлоқи Исломӣ – меҳрубонӣ, саховатмандӣ, худфидоӣ, некандеш будан бо мардум, бахшоиш ва ростӣ мебошанд. Худованд дар Қуръони Карим ба мусалмонон амр мекунад, ки бо одамон накӣ ва боадолат бошанд. Мусалмоно барои симои ахлоқии худ дар назди одамоне, ки парастандаи динҳои дигаранд, масъул аст ва бояд ба манфиати онҳо кор кунад, ҳамон гуна, ки ба манфиати худаш.Ҳамин тариқ ҳамчун хулоса иқтибосе мехоҳем аз мусоҳибаи рўшанфикри мардумӣ М.Ф.Гулен бо журнали “Форейн Полиси” биёрем: “Барои як фарди мусалмоне, ки ҷавҳари дини мубинро дарк намуда, онро дар худ ҳазм намудааст, номумкин аст, ки ў террорист шавад. Тарҷумаи таҳтуллафзии “Ислом” таслим шудан аст. Ислом дини осоиштагӣ, бехатарӣ ва сулҳ аст. Ин қонуниятҳо дар ҳаёти ҳар як мусалмон то андозае маъмулианд, ки вақте ӯ барои намоз гузоштан таваққуф мекунад, ҳама гуна алоқаи хешро бо ин олам фаромўш мекунад. Ў дар назди Парвардигор саҷда мекунад ва бо арзи эҳтиром дастҳояшро бо ҳам мепайвандад. Вақте намоз ба охир расид, гўё ҳаёти наве оғоз меёбад. Ҳар як мусалмон намозашро бо салому дуруд бо касоне, ки дар паҳлўи чап ва рост истодаанд, хотима мебахшад. Ў ба атрофиёнаш саломатӣ, бехатарӣ ва сулҳро таманно мекунад. Вақте аз Паёмбари Худо (с.а.в) пурсиданд, ки “кадом рафтор дар Ислом накўтарин аст”? ҷвавоб доданд: “хўрок додан ба дигарон ва салом кардан бо ҳамагон”.Терроризм марбут ба он намудҳои ҷиноятҳост, ки қурбониёни он танҳо аҳолии осоишта мебошад, онҳое, ки ба ин низоъҳо алоқае надоранд.Мақсади асосии террористон дар пасманзари дини мубини Ислом анҷонм додани мақсадҳои ваҳшиёна ва пурқабоҳати хеш мебошад. Бо ин амалҳо онҳо мехоҳанд, ки обрўи Исломро паст зада онро аз саҳнаи байналмиллал дур созанд. Ҳамон гуна, ки дар боло қайд шуд, бо он принсипу ахлоқе ки Ислом дорост, ҳеҷ гоҳ манбаи терроризм буда наметавонад. “Мусалмони ҳақиқӣ ҳаргиз иқдом ба террор намекунад. Фаъолиятҳои террористӣ бисёр вақт аз ҷониби афроди бесаводу гумроҳ содир мешаванд. Ин як воқеият аст, ки мусалмонҳо дар масъалаи илму технология дар чанд асри охир ақибмон шудаанд ва мушкилоти зиёде домангирашон аст, вале ба ин ҳад пастфитрату фурўмоя нашудаанд, ки тавассути террор таваққуи проблемаҳои худро дошта бошанд”.


          Омўзгори кафедраи фалсафа, Бойматов Д.

 



Back to the list