KGU

ОМИЛҲОИ ДИНИЮ МАЗҲАБӣ ВА ҶАҲОНИ МУОСИР

08.07.2019

ОМИЛҲОИ ДИНИЮ МАЗҲАБӣ ВА ҶАҲОНИ МУОСИР

    “Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст.”

                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

       Дин яке аз шаклҲои шуури ҷамъиятӣ буда, дар раванди ҳаёти ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ба андешаи мутафаккирон ва ҷомеашиносони олам дин як падидаи отифӣ ва эҲсоси даруниест, ки заминаи пайдоиши он то ҷое оҷиз будани дарки инсон нисбати Ҳаводиси табиат мебошад.[3 с. 290] Ба андешаи Демокрит: «Асоси Ҳама динҲо тарс аст». Дин моҳиятан эътиқодест ба як қувваи фавқуттабиӣ, ки дар заминаи он эътиқод, масоили ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон тарҳрезӣ мегардад.[3 с. 291].          

Дар шароити муосир дин ва мазҳаб яке аз зерсистемаи мушаххаси ҷомеа ба ҳисоб рафта, як омили доимӣ дар ҳаёти ҷамъиятист, ки тавассути иҷрои вазифаҳои муайяни иҷтимоӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва шаҳрвандони диндор зоҳир мегардад. Дар ҳамаи марҳилаҳои рушди тамаддуни инсонӣ, дин ва мазҲаб омили муҳимтарини таъсири ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёти ҳар як имондор ва маҷмӯи муносибатҳо дар ҷомеа мебошад.

        Дин ва мазҳаб нақши танзимкунандаро дар ҷомеа мебозанд ва кӯшиш мекунанд, ки барои баробарҳуқуқӣ ва осоишта зиндаги кардани одамоне, ки вазъи иҷтимоияшон гуногун аст, шароит фароҳам орад. Имрўзҳо дин ва мазҳаб ҳамон нақшеро мебозад, ки Ҳазор сол пеш мебозид. Асри ХХ-ро метавон замони инкишофи динҳои ҷаҳон, давраи ташаккул ва рушди босуръати қавмҳои зиёд номид. Неошаманизм, (неоязычество), таълимоти Дон Хуан (Карлос Кастанеда), таълимоти Ошо, саентология, Агни-йога, PL-Кёдан - танҳо як қисми ками ҳаракатҳои диниест, ки на камтар аз 100 сол пеш ба вуҷуд омадааст ва дар айни замон садҳо ҳазор пайрав доранд.Паҳншудатарин динҳои дунё имрўз буддизм, масеҳият ва ислом мебошанд, ки ҳар яке аз ин динҳо дорои беш аз як миллиард пайравонанд. Дар қатори ин динҳо ҳиндуизм, яҳудия низ паҲн шудаанд.[9]

Имрўз дар пеши интихоби шахс, интихоби хеле калони таълимотҳои динӣ фароҲам аст ва ҷомеаи имрўза ва давлатҳои гуногуни оламро имрўз наметавон як дин як мазҳаба номид. Мувофиқи таҳқиқоти гузаронидашуда аз ҷониби Институти амрикоии Гэллап, дар ибтидои асри XXI, зиёда аз 90%-и пурсидашудагон ба мавчудияти Худо ва ё қудрати илоҳӣ бовар доранд ва шумораи имондорон ҳам дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва ҳам дар кишварҳои ҷаҳони сеюм қариб якхеланд. [8] Дин аз меъёрҳои ахлоқие иборат мебошад, ки қисме аз онҳо мусбат ва қисми дигаре манфӣ мебошанд, аз ҷумла адолат ва зулм ва он тарғибгари адолат буда, маҳкумкунандаи зулм мебошад. Маҳз ин ду амал динро вориди саҲнаи сиёсат месозад.Дин ҳанўз функсияҳои идеологиро идома додаистодааст, ки он ба сиёсаткунонои дин табдил ёфтааст. Сиёсаткунонии динӣ, ҳамаи қишрҳои ҷомеаи инсониро дар бар мегирад. Масалан ин омилҳоро метавон дар қитъаи Африқо мушоҳида кард. Агар як каме аз 100 сол пеш, аҳолии кишварҳои африқоӣ бо бартарияти пайравони динии этникӣ маҳаллӣ зиндагӣ мекарданд, ҳоло бошад метавон ин қитъаро ба ду қисм ҷудо кард як қисмаш мусалмон (қисми шимолӣ) ва қисми дигараш масеҳӣ (қисми ҷанубӣ).

        Нақши омилҳои динию мазҳабӣ дар муноқишаҳое, ки дар бўҲрони кунунӣ рух медиҳанд, яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони имрўза мебошад. Олимон яке аз сабабҳои асосии чунин муносибати ногузирро дар дин мебинанд ва мегўянд, ки дин як канали огоҳӣ, фаҳмиши ҳаёти сиёсӣва иҷтимоӣ мебошад. Дар кишварҳои ҷаҳони сеюм аксар вақт, норозигии воқеии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дар шакли бетартибиҳои динӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин мавридҳо, дин метавонад ҳамчун алтернатива ба идеяҳои муосир аз ҷумла консерватизм, либерализм ё сотсиализм баромад кунад.

        Истифодаи идеологияи динӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мақсадҳои корпоративӣ ба ҳамгироии иҷтимоӣ таъсир расонида, барои амнияти байналмилалӣ як қатор таҳдидҳо ва мушкилотро низ эҷод карда метавонад. Дар ҷаҲони муосир дин на танҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, балки ба арсаи сиёсии ҷаҳонӣ низ ворид гаштааст.

         ДавлатҲо вобаста ба оромиву субот ва инкишофашон фаъолияти диндорон, ташкилотҳои динӣ ва итиҳодияҳои диниро   дар чаҳорчўбаи қонун ба роҳ мемонанд. Бо ҳамин мақсад барои таъмини оздии виҷдон ва эътиқод дар ҶумҲурии Тоҷикистон як қатор санадҲои меъёри ҳуқуқӣ қабул шудааст. Аз ҷумла: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҲодияҲои динӣ” ва ғайра. Мувофиқи ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озодии виҷдон, яъне пайравӣ ба ин ё он дин ва ё умуман пайрави надоштан ба ягон дин аз тарафи шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Чуноне ки дар моддаи 4-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» омдааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба Ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад».[1, 2] Яъне ҳар як шаҳрванд ҳаққи интихоби дин ва пайравӣ ба ягон динро соҳиб буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад дар ин кор ба касе дахолат намояд ва ё нафареро маҷбур созад. Ин шаҳодати ба таври қонунӣ инъикос ёфтани озодии виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебошад.

          Дар шароити муосир давлат, ташкилотҳои динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ имрўзҳо муштарак фаъолият карда истодаанд. Дар раванди ҳаёти сиёсии кишварҳо нақши ҳизбҳои сиёсӣ, ки хосияти динӣ доранд, хеле бузургаст.Ҳизби Истиқлол» дар Марокко, «Лигаи мусулмонон» дар Покистон, «Ҳизби наҷоти миллӣ» дар Туркия, «Ҳизби ҷумҳурии исломӣ» дар Эрон, «Ҷамоати уламо» дар Покистон, «Ҷамоати уламо» дар Ҳиндустон ва ғайра.

         Раванди таърих нишон медиҳад, ки неруҲои мухталифи сиёсӣ барои расидан ба ҲадафҲои хеш динро Ҳамчун яроқи идеологӣ дар бисёр мавридҲо истифода мебаранд. Мисоли равшан ҲНИТ, ин Ҳизб шурўъ аз соли 1990 то соли 2015 фаъолият карда, он ҳамчун ягона ҳизби исломии бақайдгирифташуда дар Осиёи Миёна ва умуман мамлакатҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Агар ба фаъолияти ҲНИТ нигарем, ҳаминро мушоҲида мекунем, ки аз ибтидо то ба охир равияи мазкур хусусияти террористиву ифротгароӣ дошта, худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамин тарзу мазмун муаррифӣ низ намудааст ва бо роҲи дин ба сиёсати давлат худро шомил кардаааст. Ин Ҳизб амалиётҳои ғайриқонунии худро танҳо бо мақсади аз нав дар мамлакат оғоз кардани ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ, сарнагун ва барҳам додани давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷик, аз байн бурдани ваҳдату ягонагии давлату миллат ва барпо кардани давлати исломӣ дошт, ки дар натиҷа 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии ҶумҲурии Тоҷикистон фаъолияти ин Ҳизб дар Ҳудуди ҷумҲурӣ катъ гардонида шуд.

      Дар баробари ҲизбҲои расмии динӣ дар боло зикршуда инчунин ҲизбҲои ғайрирасмии зиёд амал менамояд, ки Ҳадафи ин ҲизбҲо ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ ва муқобил гузоштани ҷаҲони ислом дар нисбати ҷаҲони Fарб мебошад.Инчунин дар замони муосир ташкилотҳо ва гуруҲҲои дигаре низ вуҷуд доранд, ки хусусияти терористӣ доранд.. ТашкилотҲои бузургтарини террористӣ   Ал-Қоида, ҲАМАС, Толибон, Ал-Ҷаҳат, гуруҲи терористии ДИИШ ва ғайра мебошанд, ки ба муносибатҳои байналхалқӣ ва амнияти тамоми кишварҲои ҷаҲон таъсири манфии худро мерасонанд. Афзоиши шадиди шумораи созмонҳои динӣ-экстримистие, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, Ҳам ба сиёсат ва Ҳам ба зиндагии осоиштаи мардум зарар мерасонад. Шумораи гурӯҳҳои динӣ ва мазҳабии аҳолӣ ба таври назаррас тағйир ёфтаанд, иқдомҳои онҳо бо динамикаи номуносиби рушди ҷаҳонӣ, ки аксар вақт ба ноустувории ҳаёти сиёсӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон оварда мерасонад, хос мебошад.

Ҳарчанд ки дин баъзе вакт ҳамчун манбаи ягонаи муноқиша баромад намекунад, зиддиятҳои динӣ дар асри 21 афзоиш ёфтааст. Агар мо ба ҷанги мусаллаҳона дар Босния, Косово, Македония, Чеченистон, Озарбойҷон, Кашмир, Филиппин, Индонезия, Шарқи Наздик, Судон, Нигерия назар андозем, мушоҲида менамоем, ки онҲоро ҳадди аққал як хусусият муттаҳид менамояд, ки ин муноқишаҲои мусулмонон бо ғайри мусулмонон мебошад.[12] ИмрўзҲо мо проблемаҳои зиддияти дин ва мазҲабро дар ҷомеа хеле зиёд мушоҲида мекунем. Бисёр кишварҲо ба проблемаҲои дин ва мазҲаб рў ба рў шудаанд ва ҳалли чунин проблемаҲо аксар вақт мураккаб, баҳснок ва дарозмуддат мебошад. МуноқишаҲои динию мазҲабӣ ин муноқишаи гурўҲҳои динию мазҲабӣ ё шахсони диндор дар бораи мансубияти гуногун дар соҳаи дин, қоидаҳои ташкили динию мазҲабӣ ва дар баъзе Ҳолат манфиатҲои худи шахсон дида мешавад. Ин муноқишаҲо баъзан ба шаклҳои гуногун сар зада метавонанд бо падидаҳои фанатизм алоқаманд бошанд ва аксар вақт ин фанатизм ба ҷанги воқеии динию мазҲабӣ табдил меёбад.

Таъсири омилҲои динӣ ва мазҲабӣ дар сиёсати хориҷӣ на танҳо дар кишварҳои Шарқи Наздик, балки бо раванди сиёсӣ дар Иттиҳоди Аврупо, ИМА , ҶумҲурии Тоҷикистон ва дигар давлатҲо бараъло эҲсос карда мешавад. ҶумҲурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҲои номатлуб ва хатару таҲдидҲои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зўроварӣ пурзўр карда мешавад.  

Вазъияти ногувори амният дар ҷаҲон, фаъолияти гурӯҲҲои ифротгароию терорристӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҲи амалӣ шудани ниятҲои онҲо шавем ва Ҳамеша дар корҲои ободонию созандагӣ ва рушди устувори ҷумҲурӣ саҲми худро гузорем.

 

Адабиёт:

1.    КонститутсияиҶумҲурииТоҷикистон. Суроғаидастрасӣ: http://president.tj/taxonomy/term/5/111. (санаимуроҷиат: 22. 11.18)

2.    ҚонуниҶумҲурииТоҷикистон «Дар бораиозодиивиҷдонваиттиҲодияҲоидинӣ». АхбориМаҷлисиОлииҶумҲурииТоҷикистон соли 2009, №3.

3.    Сиёсатшиносӣ. МуҲаммад А.Н., Хидирзода М.У., Сафарализода Х.Қ. Душанбе: Паёми ошно, 2018. - 416 с.

4.    ШариповСухроб. Политические процессы в таджикском обществе: сборник статей 1998-2011 гг. – Душанбе: ЦСИ при Президенте РТ, 2011. – 376 с.

5.    10. Терроризм ваифротгароӣ – роҲҲоипешгирии он. – Душанбе: Маориф, 2015. – 250 с.

6.    Ганҷур. Бахши 11. ШоҲномаи Фирдавсӣ. Ҳикмати подшоҲии Яздигурд.

7.    Мещеряков Д.А. Глобализация в религиозной сфере общественного бытия: автореф. дисс. ... канд. философ.наук. – Омск, 2007.Вебер М. Работы М. Вебера по социологии, религии и культуре. М. : ИНИОН, 1991. 472 с.

8.    Мчедлов М.П. Религиозная идентичность. О новых проблемах в межцивилизационных контактах// Социс. 2006. №10. С. 33–40

9.    Васильев Л.С. История религий Востока. М. : Книжный дом Университет, 2004. 704 с.

10.                      Митрофанова, А. В. Религиозный фактор в мировой политике и проблема «цивилизаций»//Век глобализации. 2008;


Ҳусайнзода А. Б., саромўзгор


Back to the list