KGU

ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ХАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ОН.

ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ХАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ОН. 21.09.2019

ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ХАРАКАТҲОИ НОМАТЛУБ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ОН.

Ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо

ва соҳибкорӣ ШАҲНОЗАИ СОДИҚ

Бояд кайд намуд, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони имрӯза дар саросари дунё муноқишаҳо ҷангҳо сар задааст, мақсади онҳо манфиати худи онҳо мебошад.

Ба ин мисол шуда метавонад, тероризм, ки дар сар то сари дунё таъсири худро гузоштааст.

Чи тавре, ки асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд террорист миллат, давлат надоранд.

Ин гуруҳҳое, ки худро пушти пардаи дини ислом пушонидаву рафторҳои анҷомдодаи онҳо то ҳол ба ягон гушаи ислом ва имондори дуруст намеояд рафтор намуда истодаанд. Ҳоло он, ки дар дини ислом қатлу куштор ба дасти худ ба қатл расонидани модар, бехонаву дар намудани волидайн аз байн бурдани садҳо ҷавонону пиронсолон гуфта нашудааст.

Дини ислом динест, ки барои эҳтироми падару модарон, дастгирии бечорагон, ятимон, хайру саховат ва дигар кори некро анҷом додан хулас он амалҳое, ки баманфиати ҷомеаме бошад гуфта шудааст.

Тероризм ба қавли он шахсиятҳои гумроҳзадаву ба доми фиреби хоҷагони худ афтода ба қавли онҳо давлати алоҳида сохтан аст. Аммо азият додану одамрабои намудану ба қатлу куштор даст задан, бераҳмию ноадолати рафтор намудан магар нишонаи инсони коми ласт. Чун ба ақли солим ин ваҳшониятро нигарем ҳеҷ гоҳ бо ин афроди бадхоҳу бадсириштро роҳ намедиҳем, то ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданду ҷамияти моро халалдор созанд. Мақсади онҳо ғайр аз ғаразҳо чизи дигаре нест. Бояд ёдрас шуд, ки онҳо ягона мақсадашон ноором сохтани ҷамъият ва ба беадолатиҳо роҳ додан аст. Бисёре аз ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо шомил мешаванд саводи кофӣ, ақли солим надошта бо сад ҳилаву найранг, бо сад ваъдаҳои бардуруғ фирефтаи ин гуруҳҳои тундрав мешаванду ҷони ҷавони хешро аз даст додаву дили садҳо модарону падароне, ки бо орзуҳои зиёд фарзандашонро ба воя расондаанд хун намуда ғайр аз доғи фарзанд чизе боқи намемонад. Ҳоло он ки нияту орзуҳои падару модарон ин нест, балки дар пири дасстгири падару модар буданашон лозим аст на ин ки хуни дил намудани онҳо.

Афсус, ки баъзе аз ҷавонони ноқисулақли ҷомеа имрӯзҳо ба ҷои оне, ки илмҳои замонавиро аз худ намудаву барои ояндаи худ зинаеро ишғол намуданашон ба беҳудагардию корҳои ношоям даст мезананд. Ва умри ҷавони хешро барбод медиҳанду ба ҳар корҳои ношоям сару кор доранд. Ба ҷои оне, ки дастгири волидайн бошанду дар хизмати модару падари хеш бошанд ва лекин ба ҷои ин некиҳо баръакс вонамуд мешаванд. Фарзанди ноуҳдабаро ба монанди дарахти беҳосил, ё ба мисли ассои писидаест, ки аз ин на меваи хуб интизор шудан мумкин аст на он асое, ки дар пири ба он такя задан лозим. Фарзанди комил бошуур, донишманд ба мисли дарахтест, ки натанҳо падару модар аз он манфиат мебаранд, балки манфиати ин гунна шахсон ба ҷомеа хам мерасаду аз ин ҳисоб соҳибмартаба мегардад.

Мо бояд сади роҳи ин гунна бадахлоқонро банд намоем ва ба ақли солим, зеҳни гиро, ҳушёрии сиёси барои ояндаи милату давлат ва ободии диёр саҳмгузор бошем.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд ҳеҷ як хоини миллат барои мо мардуми сарбаланди тоҷик давлат обод намекунад. Мо бояд аз як гиребон сар бароварда барои ободию гулгуншукуфии ин диёри биҳиштосо саҳмгузор бошем. Барои ин ватан то вақте ҷон дар бадан дорем саҳми худро гузорем.

Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик барои амну осудагии миллат дар марзҳо хизмат намуда қарзи фарзандии хешро адо намуда истодаанд.

Бояд ёдрас намуд, ки чавонони тоҷик зиракии сиёсии хешро аз даст надода ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд балки барои ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.

Бори дигар таъкид ба амал меорем, ки ин гунна шахсони бадхоҳ ҳеҷ гоҳ дар фикри оромиву осудаги нестанд. Ғайр аз хунрезиву амалҳои бадахлоқона беадолативу қатлу куштор нияти нек дар сар надоранд.

Аз ҷавонони дар хориҷ будаву ба муҳоҷир сафар карда даъват ба амал меорем, ки бо ин гунна шахсони бадсиришт суҳбат нанамоянд ва дар сомонаҳои интернети шиносои пайдо накунанд чун, ки инҳо бо фиребу найранг ба доми худ кашидаву шуморо мисли як бозичае, ки дар даст доранд истифода набаранд.

Ба ҳар восита шуморо ба ҳар гунна ҳолатҳои нохуш ру ба ру месозанд.

Як чизро фаромуш набояд кард, ки дар солҳои 90-ум ин ҳолат дар худи давлати мо буд. Мо фирефтаи ин гунна шахсон шуда будем, бародарро бо бародар зид намуданд, ин гунна рафтор ба марги якдигар шоҳид будем. Магар ин ақли солим аст, баҳри бародарону хоҳарон, падару модарон, фарзандони хешро аз даст додаву аз ватан гуреза намудем. Ин дар ҳоле буд, ки мардуми мо ба доми фиреб афтодаву ба ин гуруҳҳо шомил шуданду ба ин ҳолати нохуш омада расиданд. Имрӯз шукрона дояд кард, ки бо амри яздон ва бо дастгирии ин марди миллатдусту хештаншинос асосгузори сулҳу ваҳдати мили пешвоимиллат Эмомали Раҳмон ба ин немати бебаҳо ба ин ободию сарҷамъи расидем.

Мо бояд бо ақли солими хеш нигарем, ки дар ин мудати ниҳоят кутоҳе, ки истиқлолият ба даст овардем чи қадар комёбиҳо, бурдбориҳо насибамон гаштааст. Ба ин ҳама пешравие, ки дорем чи гунна ношукри кунем ва ба қадри ин немати худододи нарасем. Имрузҳо ба ҷаҳони имрӯза нигарем, ки чи ҳодисаҳо рух дода истодааст ва чи гунна нооромиҳо дида мешавад. Баъзан давлатҳое ҳастанд, ки дар орзуи тенҷии мамлакат, оромии диёр ва ҳатто як соатро насибашон намегардад. Худ қазоват кунед, ки ороми чи немати бебаҳоест аммо соҳиб шудан барои ин нематро ба даст овардан талошҳои зиёде лозим аст. Шукрона бояд намуд, ки имрузҳо дар давлати тинҷу ором зиндаги дорему нафаси озод кашида дар осмони софу беғубори диёр гашту гузор менамоем. Руз то руз ободии диёрро нигарему шукргузори аз неъмати бебаҳо давлати соҳибистиқлол милати таърихию тамадунофар маданияти баланд дошта сарфароз бошем.

Боақли солими хеш рафтор намоем, на ин ки ақли худро дуруст истифода набурдаву боақли хоми дигароне, ки ғайр аз ҳилаву найранг мардумозорию мардумфиреби фикри дигаре дар сар надоранд равона шавем.

Кушиш ба харҷ бояд дод, ки дар ҷамъият хизмати неки худро расонем ва мисли гузаштагони мо, то имрӯз миллати тоҷик фахр аз ин мардони хирад дорад саҳми худро гузорему пайравони ин мардони ватандусту меҳанпараст бошем.


Back to the list