KGU

ТЕРРОРИЗМ

21.09.2019

ТЕРРОРИЗМ

       

    Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифода аз Ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавобгӯянд!..

Эмомалӣ Раҳмон

    Бояд гуфт, ки рисолати таҳрихи ислом тарбияи инсон дар рӯҳияи адлу инсоф, шафқату муҳаббат, таҳаммулу шукургузорӣ ва сулҳу осоиш буда, ҳар гуна зӯровариву нифоқ, қатлу ғорат ва хушунатро, бахусус миёни мусулмонҳо маҳкум мекунад. Аммо чанд даҳсолаи охир қатлу кушторхои даҳшатбору ваҳшиёна ва вайронкориҳои бераҳмонае, ки аз такрафи пайравони ҳизбу ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ, содир мешаванд, дини муқаддаси исломро доғдор намуда, манфиатҷӯиҳои сиёсии гурӯҳу ҷараёнҳои ифротию террористӣ мартабаи ин дини ростинро коста гардонида истодаанд. Ислом табиатан бо сиёсат ҳеҷ гуна иртибот надорад. Вале сиёсикунии ислом дар солҳои охир боис шудааст, ки имрӯзҳо дар давлатҳои Шарқи Наздик, Шимолу Шарқи Африқо, ҷануби Осиё ва дигар кишварҳои мусулмонӣ муборизаҳои шадид, ҷангҳои хунин ва кушторҳои гӯшношунид барои ба сари қудрат омадан идома дорад. Чунонки мебинем тафриқа миёни мусулмонон имрӯз на танҳо дар байни кишварҳои исломӣ ба чашм мерасад, балки ин амал миёни баҳзе халқҳои мусулмонӣ дида мешавад. Мардуми мусулмони ғарқи афкори ифротӣ ва идеалогияҳои таҳмилӣ ва гурӯҳу фирқаҳои гуногуни ҷудо мешаванд, яке дигареро ба куфр ҳукм мекунад ва инчунин баҳзеашон дар ҳоле ки як халқу миллат ҳастанд, муқобили ҳамдигар меҷанганд.

Терроризм ба маҳнии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайри низомӣ, кӯдакон, пиронсолон, ибодаткунандагон новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд рабте ба ислом надоранд. Балки бо таҳлимоти дини мубини ислом ва рисолати он, ки ба раҳму шафқат нигаронида шудааст, ихтилоф дорад. Худои бузург мефармояд: Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён. Илова бар ин Қурҳони карим бо зикри “ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон” оғоз мешавад ва дар он раҳму шафқат садҳо маротиба такрор меёбанд. Ва дар асоси таҳлимоти Ислом вақте мусулмоне мусулмони дигарро вомехӯрад, қавли “салом” яҳне сулҳро боа забон меорад. Ва намози мусулмон бо зикри салом, раҳмат ва баракат анҷом мепазирад, на бо зикри хавфу бим, ғараз ва бадиву зарар нисбат ба атрофиён. Зеро мусулмон мегӯяд: “ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу”. Яҳне, ба шумо сулҳ ва раҳмати баракоти Худоро мехоҳам. Аз ин лиҳоз на аз рӯи воқеият, на аз рӯи адолату инсоф, на аз рӯи ҳақиқати таҳрихӣ ва на азҳ рӯи сират аст, ки Исломро бо терроризм тавҳам бидонем.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ислом комилтарин дини башарият буда, дастури асосии мусалмонон – Қурҳон фарогири тамоми масҳалаҳои куллу ҷузҳ ва ҳамаи меҳёрҳои қонунҳои башарӣ ва ҳадафу аҳмоли дунявию ухравии ҳар офаридаи Худованд аст.

Худованд бо воситаи Қурҳон ба мо таҳлим медиҳад, ки бо ҳам иттифоқу бародар бошем ва роҳи ифроту тафриқаро пеш нагирем. Дар сураи “ Оли Имрон”, ояти 103 мефармояд: “ Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда мабошед. Ва ёд кунед неҳмати Худоро, ки бар шумост. Замоне душмани якдигар будед, пас улфат дод миёни дилҳои шумо. Пас бо неҳмати Худо бо ҳам бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед”.

Баҳд аз ҳаводиси сентябри соли 2001 олами Ғарб оиди Ислом бисёр менависад. Онҳо мегуян, ки маҳз ислом ҷавобгари асосии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон мебошанд. Сарони коалитсияҳои антитеррористӣ бошад қайд карданд, ки мубориза бар зидди террористон аст на бар зидди ислом. Мутаасифона, бештар алоқамандии исломро бор терроризм дар асоси идеологияи пешгирифтаи террористон мебинанд. Дар ин амр онҳо аз “ҷиҳод” истифода мекунанд. Террористон мехоҳанд зери пардаи ислом ва ҷиҳод амалҳое содтр кунанд,ки мақоми онро пас зада ақидаи одамонро нисбати ислом дигар кунанд.

         Мақсади омӯзиши мавзӯи рӯз ба қадри ҳам бошад нишон додани фарқият ва зиддиятҳо байни ду мафҳум – ислом ва терроризм мебошад. Тарафи бади масҳала ин аст,ки қариб ҳамаи ин амалҳо аз номи ислом содир мешаванд ва гӯё муборизаи мусулмонон зидди кофирҳо бошад. Онҳое, ки мехоҳанд ислом ва терроризмро ҳаммаҳно ба мардуми башар шинос кунанд худ бехабар аз исломанд.

Калимаи “ Ислом” дар забони арабӣ ҳамрешаи калимаи “ сулҳ” мебошад. Аллоҳ ин динро нозил кард то ба одамон роҳи ҳақиқат, сулҳ хушбахтиро нишон диҳад. Асоси ахлоқи Исломӣ – меҳрубонӣ, саховатмандӣ, худфидоӣ, некандеш будан бо мардум, бахшоиш ва ростӣ мебошанд. Худованд дар Қурҳони Карим ба мусалмонон амр мекунад, ки бо одамон накӣ ва боадолат бошанд. Мусалмоно барои симои ахлоқии худ дар назди одамоне, ки парастандаи динҳои дигаранд, масҳул аст ва бояд ба манфиати онҳо кор кунад, ҳамон гуна, ки ба манфиати худаш.

Ҳамин тариқ ҳамчун хулоса иқтибосе мехоҳем аз мусоҳибаи рӯшанфикри мардумӣ М.Ф.Гулен бо журнали “Форейн Полиси” биёрем: “Барои як фарди мусалмоне, ки ҷавҳари дини мубинро дарк намуда, онро дар худ ҳазм намудааст, номумкин аст, ки ӯ террорист шавад. Тарҷумаи таҳтуллафзии “Ислом” таслим шудан аст. Ислом дини осоиштагӣ, бехатарӣ ва сулҳ аст. Ин қонуниятҳо дар ҳаёти ҳар як мусалмон то андозае маҳмулианд, ки вақте ӯ барои намоз гузоштан таваққуф мекунад, ҳама гуна алоқаи хешро бо ин олам фаромӯш мекунад. ӯ дар назди Парвардигор саҷда мекунад ва бо арзи эҳтиром дастҳояшро бо ҳам мепайвандад. Вақте намоз ба охир расид, гӯё ҳаёти наве оғоз меёбад. Ҳар як мусалмон намозашро бо салому дуруд бо касоне, ки дар паҳлӯи чап ва рост истодаанд, хотима мебахшад. ӯ ба атрофиёнаш саломатӣ, бехатарӣ ва сулҳро таманно мекунад. Вақте аз Паёмбари Худо (с.а.в) пурсиданд, ки “кадом рафтор дар Ислом накӯтарин аст”? ҷвавоб доданд: “хӯрок додан ба дигарон ва салом кардан бо ҳамагон”.

Терроризм марбут ба он намудҳои ҷиноятҳост, ки қурбониёни он танҳо аҳолии осоишта мебошад, онҳое, ки ба ин низоҳҳо алоқае надоранд.

Мақсади асосии террористон дар пасманзари дини мубини Ислом анҷонм додани мақсадҳои ваҳшиёна ва пурқабоҳати хеш мебошад. Бо ин амалҳо онҳо мехоҳанд, ки обрӯи Исломро паст зада онро аз саҳнаи байналмиллал дур созанд. Ҳамон гуна, ки дар боло қайд шуд, бо он принсипу ахлоқе ки Ислом дорост, ҳеҷ гоҳ манбаи терроризм буда наметавонад. “Мусалмони ҳақиқӣ ҳаргиз иқдом ба террор намекунад. Фаҳолиятҳои террористӣ бисёр вақт аз ҷониби афроди бесаводу гумроҳ содир мешаванд. Ин як воқеият аст, ки мусалмонҳо дар масҳалаи илму технология дар чанд асри охир ақибмон шудаанд ва мушкилоти зиёде домангирашон аст, вале ба ин ҳад пастфитрату фурӯмоя нашудаанд, ки тавассути террор таваққуи проблемаҳои худро дошта бошанд”.

   Бойматов Д., Омӯзгори кафедраи фалсафа


Back to the list