KGU

ДИЛ АЗ ТИРАГИҲО БАД ИН ОБ ШӮЙ!

21.09.2019

ДИЛ АЗ ТИРАГИҲО БАД ИН ОБ ШӮЙ!

    Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳони касб намудааст ва барои ҷомеаи башари таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгарои, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузори мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористи даст мезананд, хуни ноҳак мерезанд ва оромию осоиштаги ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд.

Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористи зуҳуроти «низои тамаддунҳо» ё худ бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд. Фоҷеаҳои даҳшатноктарин ва бузургтарини хунини асри гузашта дар чаҳорчӯбаи ҳамон як тамаддун рух дода буданд. Аз давраи ҷангҳои салиби дар байни масеҳият ва ислом низ задухӯрдҳои мустақиму ошкоро рух надодааст.

Аз ин рӯ қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дар воқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.

Тоҷикистонборҳоазминбарҳоисозмонҳоибонуфузибайналмилалихатариэкстремизмидиниваифротгароиромаҳкумкарда, бароимуборизаидастаҷамъонакишварҳородаъваткардааст. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеи ба ҷомеаи ҷаҳонист. Коршиносони кишварҳои гуногун гурӯҳҳоеро, ки бо номи ислом ҷавононро ба кӯчаҳои сарбаста мебаранд қотеъона маҳкум менамоянд. Терроризму ифротгарои ҳеҷ умумияте ба дини ислом надоранд, вале мутаасифона имрӯзҳо бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои ғаразнок баъзе гурӯҳҳои ифротгаро амалҳои ғайринсониро содир менамоянд.

Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористи пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои моли ва сиёси, барои ба даст овардани он талошҳои зиёд мекунанд. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нефту газ ва дигар cарватҳои зеризамини, ки паси он миллиардҳо маблағ аст ба даст меоранд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан, дар байни тамоми аҳолии курраи замин ташвиқот мебаранд, то ки сафи пайравони гурӯҳҳои террористиро зиёд кунанд. Аз ин рӯ, барои паҳн намудани ихтилофоти мазҳаби ва ба ин роҳ ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳони мақсади асосии фаъолияти ҳар яке аз ин гурӯҳҳои террористи ба шумор меравад.

Бояд таззакур дод, ки дар ҳар як давру замон гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, ба ин ё он тарз фаъолияти нопокро бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ба миллати хеш раво медиданд. Ин яқин аст, ки инҳо ашхосе ҳастанд, на дониши сиёси доранду на дониши динӣ.Ҳамаи ин аз рӯи бесаводи, набудан ва надоштани тафаккур, маданият сар мезанад. Чуноне, ки Фирдавси мефармояд:

 

                      Туро донишу дин раҳонад дуруст,

                      Роҳи растагори бибояда- т ҷуст,

                      Агар дил нахоҳи, ки бошад нажанд,

                      Нахоҳи, ки доим буви мустаманд,

                      Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,

                      Дил аз тирагиҳо бад ин об шӯй.

Хоҳони онам, ки ҷавонони мо илмҳои диниву дуняви омӯхта, хубро аз бад, ҳаромро аз ҳалол, ҷиҳодро аз қатл, мусулмонро аз кофир фарқ карда тавонад ва дар зиндаги роҳи ҳақро интихоб намояд то дар зиндаги шармсор ва дар рӯзи растохез (қиёмат) дар хуни касе гунаҳкор ба ҷавобгари дар зиндони Аллоҳ кашида нашавад. Шукронаи тинҷи ва амони дар кишвар бояд кард. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, ки ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият бирасанд, пайгири дасисаҳои бегонагон набошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳамеша мегӯяд, ки «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои бовари, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умуми тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёси эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

          Ғанимат донистани тинҷию оромии кишвар ва ваҳдати миллию истиқлолияти давлати, ки ба осони ба даст наомадаанд, тамоми кӯшишу ғайратро сарфи ободию шукуфоии ватани маҳбубамон намудан ва оқилу ояндабин будан, вазифаи ҳар як фарди баору номус ва ватандӯсту хайрхоҳ аст.

          Шарипова О.П. - декани 

факултаи филологияи руси ДДК ба номи А.Рӯдаки

    

 

 


Back to the list