KGU

САФСАТАҲОИ БОФТАИ КАБИРӢ!

САФСАТАҲОИ БОФТАИ КАБИРӢ! 02.10.2019

САФСАТАҲОИ БОФТАИ КАБИРӢ!

Оне, ки Кабирӣ як нафари нолозим ва ангушти зиёдатӣ барои хонаводаву миллати тоҷик аст, кори маълум, вале ин қадар манманию худро пуштибони миллат нишон додану бо маблағи ҳароми хориҷиҳо бурун аз марзи кишвар таъсис додани ба қавли худашон ПШТ, масхарабозие беш дар соли сипаришуда набуд.

Боз шарм накарда яксолагии мутеияти расмиашонро таҷлил намудаанд. Ба ПШ ба ғайр аз ду-се чоплусу нотавонбине чун шарофчаю алимчаю худи маслуқи кабирӣ касе аъзо набуд ва нест, вале ин қадар лаганбардолриро бечора кабирӣ барои чӣ мекарда бошад. 

Ақаллан ғами ояндаи фарзандону оилаашро намекарда бошад ин разил, ки пас аз ӯ нафаси тоза гирифта тавонанд.

Барои миллат агар хизмати шоистае карда наметавонистӣ, о, ҳадди ақал ин маймун бозиро равона медидӣ!
Ҳатто ҷавонони Тоҷикистони биҳиштосо, ки аз фазои сулҳу суббот ҳаёти хушбахтона доранд, гӯш ба овоз шудаанд, як нотавонбине чун кабирӣ аз Варшава истода саг барин меҷакад ва ба сӯи миллати тоҷик санг мепартояд.

Агар 100 соли дигар туро маблағгузорӣ кнанд ҳам, ту ним чоряки корҳои ободонии Эмомалӣ Раҳмона анҷом дода наметавонӣ!
Пас дигар сафсата нагӯ, ҷанг наандоз, ки ин миллат тамаддуни беш аз 5500 сола дорад ва ниёзе ба ту барин палиди нобакору хоини ватанфурӯш надорад!

Аввал ҲНИТ, баъд пайвастан бо ҳарбиёну низомиёни Назарзода Ҳалим, дигар тасарруфи молу мулк ва маблағҳои ҳангуфти Тоҷикистон ба хориҷа, сипас таъсиси Паймони шайтониат нишонаи возеҳи дурӯягию чоплусӣ ва ҳаромзодагиат мебошанд.

Иснод ба номи ин миллат корест нобахшиданӣ. Аз ин рӯ, аз номи 8 млн. тоҷикистон ва 90 млн.тоҷикони бурунмарзӣ ба ту нафрину маломат мехонам.

Нест бод ҲНИ, ПШ ва саркардаи онҳо Кабирии хоин!
Ҳама суханрониҳоятон сафсатаи бофтае беш нестанд!

Лаънатба ту ! Номат аз дафтари таърих нест бод!

Кабир Бузургзод
докторант


Back to the list