KGU

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – ПАЙМОНЕ АЗ ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – ПАЙМОНЕ АЗ ХОИНОНИ МИЛЛАТ! 03.10.2019

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – ПАЙМОНЕ АЗ ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

(сухане чанд дар радифи суханони памоншиканони миллат)

         Асалан ҳадаф ва мақсади ҳар гурӯҳи иғвоангез ин ҷангу хунрезӣ ва иғвову хархаша мебошад. Зеро таърих муайян кардааст, ки агар шахсе дар ватан ва миллати худ содиқ намон, пас дар ҳеҷ кадом давлат ва миллати дигаре содиқ нахоҳанд монд. Таъсисдиҳандагони «паймони миллӣ» аслан паймоншиканон ва хоинони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро онҳо ба рафтор ва кирдорҳои ношоями худ ба миллати тоҷик хиёнат карда, ба обу нон ва хоки аждодии худ туф карданд. Далели ин гуфтаҳо ҳодисаҳои соли 2015 мебошад.

         Имрӯз аз хориҷа нишасата вазъияти кишвари моро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, аммо намедонанд, ки худашон ниёз ба таҳлил ва баррасӣ доранд. Ҳар сокини кишвари мо ба он шоҳид аст, ки ин хиёнаткорон дар давоми чандин солҳо чи шиканҷаҳое бахри миллати тоҷик овардаанд.

         Як соли кори паёмони аҳдшикан ба он оварда расонд, ки мардум онҳоро аз наздик зиёдтар шинохтанд. Он ҳама кирдорҳои пардапушонаи худро бори дигар рушоду равшан баён карданд. Бояд фаромуш накард, ки мо сокинони кишвари маҳбуб – Тоҷикистон ҳеҷ ба гуфтаҳои бадхоҳони миллат гӯш намедиҳем ва тарафдори он ҳастем, кинаву адоват ва иғвову тундгароӣ аз байн равад.

         Ононе, ки дар тулии солҳо он афроди иѓвогарро дида ва амалашонро назорат кардаанд, медонанд, ки мақсади онҳо танҳо сари қудрат омадан аст ва ҷомаи амал пушондани орзуњои сиёњи хоҷагонашон мебошад. Ин бечораҳои дармонда дунболи хоҷагони хориҷиашон гашта, кофари сарзамини хеш гаштан мезхоҳанд.

         Орифон ва фозилони мо ҳамеша пайи талқини кирдори наку ва рафтори намунавӣ мебошанд. Онҳо тарғибгари фарҳанги миллӣ ва ҳастиву бардавомии миллати тоҷиканд. Аммо ин афроди аҳдшикан, номаълум пайи кӣ ва чӣ мегарданд. Ва ё онҳо аз фарҳангу тамаддуни мо огоҳ нестанд. Оё тасаввур намекунанд, ки дар кадом роҳ рафта истодаанд.

         Он ақидаҳое, ки дар гӯё дар ҷамъбасташон иброз доштанд, ҳамагӣ ғаразона ва тундагроёна буданд. Мақсади ин гурӯҳи зараррасон ҳамеша баръакс фаҳмонидани кор мебошад. Дуруст гуфтаанд, ки:

         Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

         Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

         Афсус, ки гурӯҳи паймоншикани «паймон», ки ба миллати тоҷик хиёнат кардаву мехоҳанд ҷавонони гумроҳро пайрави худ созанд, пайи пандҳои хоҷагони худ буда, мехоҳанд нақашаи сиёҳи онҳоро иҷро намоянд.

         Бояд ҳар як сокини кишвари мо шукр аз соҳибистиқлолӣ кунанд ва баҳри ободии ин давлату ин миллат хизмат кунанд. Афроде, ки ҳамеша пай кинаву адоват ва фитнаю иғво аст (ба монанди гурӯҳи «паймон») ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳад расид, зеро ростиро набувад ҳеҷ заволе!

 

Ромиш Сафаров
унвонҷӯ


Back to the list