KGU

ҚИРҒИЗҲО БОЯД БО ТОҶИКОН ҒАРАЗ НАДОШТА БОШАНД!

ҚИРҒИЗҲО БОЯД БО ТОҶИКОН ҒАРАЗ НАДОШТА БОШАНД! 07.10.2019

ҚИРҒИЗҲО БОЯД БО ТОҶИКОН ҒАРАЗ НАДОШТА БОШАНД!

        Чанд муддат шуд, ки баҳс миёни қирғизҳо ва тоҷикон барои замин дар қитъаҳои то ҳол аломатгузоринашуда идома дорад ва ҳатто сар задани ҷангу хархашаҳо боиси марги инсонҳо аз ҳарду тараф гардид.

         Вақте ки хун мерезад, ин албатта кори нодуруст аст ва ҳама инро маҳкум мекунад. Аз ин рӯ, аз мардуми қирғиз ва тоҷик даъват ба амал меорем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба корҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ даст назананд ва аз ақли солим истифода баранд.

         Дар ҳеҷ давру замон ҷанг ба инсонҳо фоида наовардааст. Моро мебояд, ки дар рӯҳияи инсондӯстӣ зиндагӣ карда, барои ҳамдигар кӯмакрасон бошем.

         Аломатгузорӣ кори ҳукуматҳост ва халқи авом бояд ба кори давлаткорӣ халал нарасонад ва кордор набошад, зеро ин вазифаи ҷонии кормандони баланпояи ҳукуматҳо ба шумор меравад.

         Бори дигар аз ҳарду тараф даъват ба амал меорем, ки бо истифода аз ақли солим ва хиради азалӣ ба ҳамдигар муносибат карда, душманонро шод нагардонанд.

 


Back to the list