KGU

Баргузории иди Меҳргон дар шахри Кӯлоб

Баргузории иди Меҳргон дар шахри Кӯлоб 12.10.2019

Баргузории иди Меҳргон дар шахри Кӯлоб

    Субҳи имрӯз, 12 октябр, дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб чорабинӣ бахшида ба Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулотҳои нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” доир гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдучаббор, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва намояндагони ҳукумати мамлакат ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва меҳмонон ба маҳсули кори кишоварзон ва бонувоне, ки намудҳои зиёди таомҳои миллӣ, нону маҳсулоти нониро ба маъраз гузошта буданд, баҳои баланд доданд.

Зимни суханронии худ раиси вилоят зикр намуд, ки Меҳргон иди ҳосил аст ва аз қадим ин ҷашн дар байни сокинони дунё бо тарзҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.

– Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми Меҳрмоҳро Рӯзи Меҳр меномиданд ва одатан “Меҳргон” дар ҳамин рӯз таҷлил мешуд, – гуфт Қурбон Ҳакимзода. – “Меҳргон” баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди «Меҳргон» басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромад. Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Зикр гардид, ки кишоварзони вилоят баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар амалӣ сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷроиши Барномаҳои соҳавӣ, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот ва рушди инноватсионии соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаро ба 3 миллиарду 721 миллион сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,3 млн сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз соҳаи асосии кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ғаллакорӣ ба шумор меравад. Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз майдони 115,5 ҳазор гектар 280,1 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол гардида, ҳосилнокии он ба 24,3-сентнерӣ расонида шуд.

Кишоварзони минтақаи Кӯлоб ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, полезикорӣ ва боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, истеҳсоли сабзавотро ба 273 ҳазор тонна расониданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 277,6-сентнериро ташкил дод. Истеҳсоли полезӣ ба 120,1 ҳазор тонна расида, ҳосилнокии он 276,1-сентнериро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,0 ҳазор тонна зиёд гардид.

Дар ин давра 4936 гектар картошка ҷамъоварӣ гардида, 83,2 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1764 тонна зиёд буда, ҳосилнокии он 168,5-сентнериро ташкил медиҳад.

Дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ кори хуби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара ва Восеъ боиси таҳсину офарин мебошад.

Боғу токпарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Танҳо соли 2019 ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар майдони 1038,9 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, иҷрои Барнома 72,4 фоиз таъмин карда шуд. Дар ин давра 190,6 гектар боғҳо ва 51 гектар токзорҳои кӯҳна барқарор карда шуда, 82,7 ҳазор тонна мевагӣ ва 28,8 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6792 тонна мевагӣ ва 2572 тонна ангур зиёд мебошад.

Вилояти Хатлонро бо меҳнату заҳмати бепоёни кишоварзон, алалхусус бо ғалладона, тарбузу хандалаки барвақтӣ, сабзавоти тару тоза, меваҳои шаҳдбораш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он мешиносанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода инчунин дар рӯзи таҷлили иди Меҳргон доир шудани даври вилоятии фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулотҳои нониро таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” рамзӣ номид. Зеро ҳунар ва ҳунармандӣ падидаҳое мебошанд, ки баҳри соҳибэҳтиром ва мавқеъ пайдо намудани инсон дар ҷомеа нақши бориз дошта, василаи беҳтарини ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги пурғановати ниёгон мебошад, ки дар шакли моддию ғайримодӣ то мо омада расидааст.

Дар ин чорабинии вилоятӣ беш аз сад нафар занону духтарони ҳунарманд иштирок намуда, 37 номгӯи маҳсулоти нонӣ, 57 номгӯи таомҳои миллиро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму ойинҳои миллӣ буда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳунарҳои кадбонугии бонувон, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона мусоидат кардан аст.

Раиси вилоят таманно кард, ки ҳунармандони хатлонӣ доимо бо дастони зебоиофару маҳсули офаридаҳои худ тараннумгари нишоти зиндагӣ, шукуфоии кишвари биҳиштӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию инсондӯстӣ бошанд.


Back to the list