KGU

Ихтироъкорон ба Қазоқистон роҳхат гирифтанд!

Ихтироъкорон ба Қазоқистон роҳхат гирифтанд! 29.09.2019

Ихтироъкорон ба Қазоқистон роҳхат гирифтанд!

    Рӯзҳои 27-29.09.2019 озмуни лоиҳавии “КОНКУРС СТАРТАП Tech Central Asia Weekend в Душанбу” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайфуддинов Ф.Ш., сардори МИҶ, Назров А., донишҷӯи соли 5-уми факултети физика ва математика, Турахонов У., донишҷӯи соли 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Алишери Х., донишҷӯи соли 3-юми факултети химия, биология ва география, Давлатов У., донишҷӯи соли 2-юми факултети химия, биология ва география, Ҳасанов Ҳ., донишҷӯи соли 2-юми факултети физика ва математика иштирок намуданд.

Сарпарастии озмун ширкатҳои “Сафорати Амрико дар Душанбе”, “Nazarboev University”, “Alumni”, “Business scool”, “Startupstan”, “KMП” ва ширкати “Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” буданд. Меҳмонон аз Қазоқистон, Амрико ва Руссия иштирок доштанд. Мақсади асосии озмун дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва амалӣ гардонидани онҳо дар самти “Идея – Бизнес” мебошад.

Озмун бисёр ҷиддӣ гузашт ва талаботҳо ниҳоят вазнин буданд. Ин озмун аз дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фарқи зиёд дошт, аз он ҷумла баромадҳо танҳо бо забони русӣ ва англисӣ буд. Иштирокчиёни озмун дар маҷмӯъ 31 нафар аз ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ даъват гардида буданд.

Санаи 28.09.2019 аз соати 10:00 то 17:00 шунидани лоилаҳои озмунӣ аз тарафи меҳмонон буд, ки лоиҳанависон аз донишгоҳи мо баромад намуда, лоиҳаҳои худро ҳимоя намуданд. Баромади донишҷӯёни мо аз тарафи меҳмонон баҳои баланд гирифта, ҳамаи онҳо бо сертификати озмун қадрддони гардиданд.

Бояд қайд намоем, ки лоиҳаҳои Сайфуддинов Ф., бо номи “Мини –цех для приготовление лекарство “Fikardo” ва лоиҳаи Назаров Аминҷон “Агротаҷ 97” дар баробари даври дигари озмун, ки дар Қазоқистон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.


Back to the list