KGU

Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳ

Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳ 05.10.2019

Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳ

    Санаи 5.10.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба “Рӯзи Забони тоҷикӣ” ва “Иди омӯзгор”, баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИҶТ Абудулло Ҳабибулло оғоз намуда, ҳамаи омӯзгор ва кормандони донишгоҳро ба муносибати “Рӯзи Забони тоҷикӣ” ва “Иди омӯзгор” табрик ва шодбош намуданд. Ва дар давоми конференсия маърӯзаи д.и.ф., профессор, мудири кафедари забони тоҷикӣ ва методикаи таълими он Ҷумахон Алимӣ шунида шуд. Конференсия мазкур бо суолу пурсиши иштироккунандагон ба итмом расид.


Back to the list