KGU

Форуми байналмилалӣ оид ба маъюбон дар Тоҷикистон

Форуми байналмилалӣ оид ба маъюбон дар Тоҷикистон 24.10.2019

Форуми байналмилалӣ оид ба маъюбон дар Тоҷикистон

     Чанд рӯз пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

      Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ зимни суханронии хеш дар форум иброз намуд, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии маъбон баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории соҳавӣ зиёда аз 100 муассиса ва ходамоти иҷтимоӣ амал мекунанд, ки муассисаҳои будубоши доимӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз шумули онҳо мебошанд.

Гуфта шуд, ки теъдоди маъюбон дар ҷаҳон беш аз 15 дарсади аҳолии рӯи заминро дар бар гирифта, дар Тоҷикистон бошад, қариб 149 ҳазор нафар ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 15 ҳазор нафар маъюби гуруҳи якум, беш аз 27 ҳазор маъюбони то18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Ҳамчунин дар форум муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча иштирок ва суханронӣ карданд.


Back to the list