KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАТЕМАТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР: ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ОНҲО”

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАТЕМАТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР: ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ОНҲО” 23.11.2019

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАТЕМАТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР: ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ОНҲО”

Санаи 23-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами математика дар замони муосир: дурнамо ва ҳалли онҳо” бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои физика ва математика, профессор, шодравон Раҳмат Акбаров баргузор гардид.

Конференсияи мазкур аз ду бахш иборат буд, бахши аввал:

-масъалаҳои мубрами математика дар замони муосир, ки дар ин бахш 43 мақол пешниҳод шуда буд, бахши дуввум бошад:

-педагогика -методикаи таълими математика, ки дар бахши мазкур 48 мақола пешниҳод шуда буд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълим муҳтарам Холиқов С.С кушода меҳмононро ба Конференсияи мазкур хушомадед гуфтанд. Сипас ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогика Рафиев Сафархон баромад намуда, ҳозиринро оид ба равандӣ баргузории конференсия ва кор бо бахшҳо шинос намуд. Сипас мақолаи н.и.ф- м. Мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулазизов А.Х дар мавзӯи” системаи беохири муодилаҳои дифференсиалӣ бо параметр” шунида шуд.

Кор дар бахшҳои конференсия бо суолу ҷавобҳо ба охир расид.

 





Back to the list