KGU

Худ ва оилаатонро аз “БПНМ ва ВМНО” эҳтиёт намоед!

Худ ва оилаатонро аз  “БПНМ ва ВМНО” эҳтиёт намоед! 30.11.2019

Худ ва оилаатонро аз “БПНМ ва ВМНО” эҳтиёт намоед!

Дар таърихи рӯзи 30.11.2019 дар толори маҷлисгоҳи факултаи физика, математика ва инфарматикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барномаи чорабинӣ бахшида ба таҷлили рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди “БПНМ ва ВМНО” аз тарафи ташкилоти духтурони бидуни марз (Medecins Sans Frontiers (MSF)) байналмилалии ғайри давлатии тиббӣ ва башардӯстона, ки дар 70 кишварҳои олам кору фаъолият менамоянд, конфренсия гузаронида шуд, ки дар чорабинии мазкур сухани ифтитоҳиро Муовини раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарама, 

Маҷидова Кенҷамо оғоз намуданд. Пас аз он барои фаҳмондан ва пешгирии ин беморӣ ва ё вируси марговар маърӯзаҳо ва видео роликҳои махсус аз ҷониби ташкилоти духтурони бидуни марз дар минтақаи Кӯлоб пешкаши донишҷӯёну омӯзгорон гардонида шуд. Дар охир аз ҷониби ташкилоти номбурда ба иштирокчиёни конфренсия викторина гузаронида шуд, ки ғолибон бо туфаҳои хотирмон, қадрдонӣ карда шуданд.



Back to the list