KGU

Озодии дин ва виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озодии дин ва виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.12.2019

Озодии дин ва виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи нақшаи кории кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 11.12.2019 дар ошёнаи дуюми бинои маъмурии Донишгоҳ маҳфили ҷамъбастии“Сиёсатшиносони ҷавон” баргузор гардид , ки дар он 47 нафар донишҷӯ аз 10 факултет иштирок намуданд. Дар маҳфили мазкур аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд, ки мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт; маърӯзаи аввал аз тарафи донишҷӯи курси 2-юми факултаи филалогияи рус Қодирова Марҳабо дар мавзӯи “ Озодии дин ва виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Муҳаббатова Марворид донишҷӯи курси 2-юми факултаи филалогияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “ Сарвари сиёсӣ ва элетаи сиёсӣ” баромад намуданд, ки дар охир баъд аз шунидани маърӯзаҳои мазкур маҳфил бо саволу ҷавоб ва супоридани ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол ба итмом расид.

       


Back to the list