KGU

НЕСТ БОД, ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

21.12.2019

НЕСТ БОД, ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар ҳар давру замон ҳасудхурону разилон, нотавонбинону кӯрнамакон арзи вуҷуд карда будаанд, оне, ки ин паймоншиканони собиқ ҲНИТ ва гурӯҳҳои нобакорони 24 дигар созмонҳои мухолиф таи чанд сол аст, ки аз хориҷи кишвар худнамоӣ мекунанд. 

Дар замоне, ки ба ҲНИТ дар парлумон курсӣ доданду бологузар карданд, ягон аъзо-паъзо надошт ин ҳизб. Баътар маълум гардид, ки миёни аҳолӣ ин Кабирии нобакор шиносномаҳои шаҳрвандонро нусха мекардаасту аз номи онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ месохтаасту инҳо бедарак!

Ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки гуманизми хеле баланд дораду рукнҳои давлати демократиро анҷом медиҳад, ҳамеша ин разилонро авф мекунаду меомурзад.

Шоҳиди ҳодисае будам, ки дар интихоби 5 соли пеш ҳамин Кабирӣ дар Душанбе анҷуман ороста, ба ҳамаи он ҷавононе, ки аз ноҳияҳои дурдаст бекор ва ё аз Россия баргашта буданд дар фасли зимистон, дафтарчаҳои ҳизбӣ додааст, бахусус аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Шуроободу Муъминобод ва ғайра.

Вақте ки инҳоро ба Душанбе ба анҷумани ҳизбӣ даъват мекунад, бечораҳо аз ҳама чиз бехабар. Сипас барои мағзшӯи карданашон як миқдор маблағ додаасту талаб намудааст, ки шиносномаи аҳли хонаводаашонро биёранду аъзои ҳизб шаванд.

Ин ҷавонони ноогоҳ аз соддагиву бефаҳмӣ ҳамин тавр ҳам кардаанд.

Акнун фаҳмидед, ки чӣ гуна онҳо сафи худро бо омори нодуруст зиёд нишон медиҳанд? Дар ҳамин ҳол ҷавоне аз н. Шӯрообод пас аз ҷаласаи ҳизб пурра ба доми ин нобакорон афтода, қариб буд, ки аз оила, зану фарзанд ва зиндагии осоиштааш маҳрум шавад.

Хушбахтона, дар натиҷаи корҳои оперативии кормандони ҳифзи ҳуқуқ натиҷаи хуб доданд ва тариқи фаҳмондадӣ ва дарки масъала ин оила аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфт.

Ҳушдор доданам ба ҳамватанон, бо овардани мисол аз аҳволи ин оилаи гумроҳшуда ба он хотир аст, ки пешорӯи мо, имтиҳони ҷиддӣ, интихобот истодааст.

Аз ин рӯ, хоҳишмандам, ҳеҷ гоҳ зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед ва таблиғоти пешазинтихоботии шахсони шубҳанок эҳтиёт бошед!

Зеро ки ин Кабирӣ аз рашку ҳасад, намедонад, ки боз бо чӣ роҳе монеъи пешрафти тоҷикон шавад, бубинед, ки дар саҳифаҳои интернетӣ ҳар сафсатае, ки мебофад, нашр мекунад ва худро пуштибони давлати демократӣ мепиндорад.

Хестӣ, ки хобат, дасисабози лаънатӣ, Кабирии ҳаромзода!

Ту дигар дар шаби хобат ҳам курсии депутатӣ, ҷилваю ҷавлон кардан дар минбарҳои давлати Тоҷикистона нахоҳӣ дид! Як бор ба ту баринҳо бовар карданд, ношукрӣ кардед, бар зидди давлат шӯридед, аз мансабу вазифа сӯистеъмол кардед, акнун неъмати ба даст афтодато аз даст рафт, зеро

 

“Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,

В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.”

 

Акнун заволи “салтанати шумо” фаро расидааст. Имрӯз дар хориҷи кишвар рӯсиёҳу мазлуму беватану бечораед, ки дигар касе ба шумо эътимод намекунад. Бале, аз боварии халқ, аз боварии ҳамун теъдоди аъзое, ки ҷамъ карда будед, аз боварии аҳли ҷомеа баромадед.

Намешуд, ки ин қадар аблаҳона рафтор намекардеду бо ҳар чӣ Худованд дода буд, қаноат мекардед?.

Охир ба шумо, чӣ намерасид?

Пул, мансаб, ҷоҳу ҷалол, корхонаву тиҷорат, о ҳама чиз доштед-ку?!

Ба қадри онҳо, муҳимтар аз ҳама, ба қадри хубиҳои Пешвои миллати тоҷик нарасидед? Марг ба Шумо!

Ҳаминак нафратзадаед, кулли тоҷику тоҷикистониён ба шумо лаънату нафрин мехонанд.

Лаънат ба бадхоҳону душманони миллати тоҷик!

“Хас кам шаваду ҷаҳон пок” шавад бо фано шудани Шумо!


Back to the list