KGU

Ба 28 соли Истиқлолияти Тоҷикистон назар кунед.

Ба 28 соли Истиқлолияти Тоҷикистон назар кунед. 23.12.2019

Ба 28 соли Истиқлолияти Тоҷикистон назар кунед.

Кабир Бузургзод

докторант

Дӯсти азиз!

Ту аз ин сохтакориву сафсатагӯиҳо ва саҳнасозиҳои "Садои мардум" ҳеҷ дилсард мабош! Ин мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дигар чӣ корҳое бофта ташкил карда истодаанд, ки монед равад! Ин мазлумае, ки худро муҳоҷир пиндоштаву гӯё дар азоб ҳаст, як "ҳунарманде", лухтаке, марионеткае беш нест, ки ин аблаҳони рӯсиёҳ бофта баровардаанд.

Воқеият чунин аст, ки ҳар нафар бонуе, зане бо амри тақдир агар бешваҳар монад, шавҳараш фавтида бошад, дар оилаи суннатии тоҷик ӯро ҳеҷ вақт хору зор шудан намемонанд, хешованди шавҳар садқаи худашу ай фарзандакош мешаванд ва агар раваду ҷавонтар бошаду шавҳар карданӣ ҳам шавад, калонтарони хонавода кӯдакакоша мегиранду ӯро ба шавҳар низ медиҳанд. Аммо сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва бева мондани занҳо гуногунанду, дар он на фақат мардҳо, марҳо ҳам ба дасти кама нестанду, балки худи занон низ муғассиранд.

Чаро мегӯед? Барои мисол, агар бахт омад накарду оилаи ҷавон бо 1, 2 ё 3 кӯдак пош хӯрд, дигар занон худро девонавор ба чор фарқи олам зада, барои зиён расонидан ба оилаи мард, чӣ корҳое, ки намекунанд. Илова бар ин, агар бесавод бошаду касбу ҳунар надошат бошад, дигар қилиқҳояш зиёдтар мешавад, охир аз одами бемаърифату бефарҳанг чиро интизор шудан мумкин? Дигар, на муҳлати додаи суду прокурор, на дигару дигар баргашта зиндагиашонро барқарор намесозанд. 

Аз мавзӯъ каме дур рафатем, маъзарат, дӯстони ФБ! Акнун ҳама навъи занону духтарону бонувон муҳоҷир мешаванд. Ва, дар ҳақиқат, дар ягон давлати дунё, ҳама хостаҳои шаҳрвандон бароварда намешавад ва ҳар як шахс хостори зиндагии чигунае, ки бошад, ҳамонро ихтиёр мекунад.

Қасам ба виҷдонам, ман, аҳлу оида ва фарзандонамон касби худро ба ягон касби дигар ва ҳиҷрат дар ватани дигар иваз намекунем. Танам пӯшида ҳаст, фарзанд дорам, маош мегирам, кулба дорам, ки болои сарам намечакад, якҷоя бо фарзандон хӯрок меёбем, ки тановул кунем, боз чӣ даркор? Онҳое, ки муҳоҷират мераванд, бо дода қаноат намекунанд, бисёр мехоҳанд ва оқибат ба кам зор мешаванд, охир ҳиҷрат ин хонаи очаат нест, ин Ватани тоҷико нест, ки агар духтари хубӣ, келини хубӣ, ҳамсари хубу боиффати тоҷи сарат мекунанд.

Пас, ай ҳамватан, бидон ки муҳоҷират дар ҳақиқат қин аст, вале ҳар кас худаш инро интихоб мекунад-кӯ!?

Аз дигар сӯ, даҳҳо занони муҳоҷир ва муваффақро медонам, ки худашон, хусур хушдоман, бародаршавҳару хорҳаршавҳарошона ба муҳоҷират бурданду, якҷоя кор карда сатҳи зиндагишона беҳ карданд.
Ва ин саҳнаи сохтаи муҳоҷирзани нолону гирён дар "Садои мардум" кушише беш баҳри сиёҳ кардани ҳукумати феълии Тоҷикистон нест! 

Эй, одамон! Боре даст болои қалб гузореду ба ободкориҳои 28 соли Истиқлолияти Тоҷикистон назар кунед ва аз сидқи дил баҳо диҳед! Ҳар кас, ки ин ободиву роҳу пулҳо, нақбҳову сохтмонҳои азими стратегиро намебинад, кӯр аст, нотавонбин аст, ба мисли ин зане, ки имрӯз бо як маблағи ночизе, худро паси бландгӯяк зору ҳақир нишон дода истодааст.

Як каме шарм кунед, ҳасудхӯрони миллати тоҷик, аз ин қадар бадкориву хиёната дар атрофи Пешвои миллат мутаҳҳид шавед, ватана обод кунед, ҷавонписарои тоҷика хонаобод кунед, занҳои муҳтарама, бас аст дасисабозиву тафриқандозӣ! Аз Худо тарсед!

Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад мегӯянд. Оид ба ободкорӣ ва дастгирии якдигар дар ҳама сарчашмаҳои илмию диннӣ сухан рафта, лекин дар ягон давру замон ягон фарҳанги бузург иѓоандозиро тавсия накардааст эй пастсириштон!

 


Back to the list