KGU

ГУРӮҲИ 24-ИҒВОГАРИ №1

24.12.2019

ГУРӮҲИ 24-ИҒВОГАРИ №1

Як гурӯҳаки касифе бо номи “Гурӯҳи 24” дар фазои маҷозӣ мардумро мағзшӯӣ карда, ба дурӯғҳои шохдор мардумро саргаранг кардаанд. Ин беақлони лаганбардор бо маблағҳои хоҷагони хориҷиашон толорҳои васеу барҳаворо кироя карда, бо мардум гӯё суҳбат анҷом медиҳанд. Ин бешарафакон намедонанд, ки ҳама сӯҳбатҳои сохтаи онҳоро мардум аллакай медонад ва мефаҳмад.

Дар фолклорамон мегӯянд, ки зури беҳуда миён шиканад, ки ин дар ҳаќиќат рост аст. Ин беномусакон он ќадар саводу дониш ҳам надоранд, ки бо забони тоҷикӣ озод ҳарф бизананд. Куҷо расад ба мантиќу фаҳмиши сухан?

Аз ин рӯ, хотиррасон бояд кард, ки дар пеш интихоботи президентӣ ҳаст ва ин аблаҳони хоҷапараст кӯшиш мекунанд, ки миёни мардум иғвоангезӣ кунанд ва ноамниро дар Тоҷикистон барпо намоянд.

Мардуми шарафманди тоҷик бояд чеҳраи аслии ин палидонро хуб шиносад.

Зиндагии мо назар ба 10 соли пеш хеле хуб аст. Касе инро инкор мекунад, инсон нест. Ба ҳамаи ин бояд шукр гуфт.

Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ватанро обод кунем.

Поянда бод Тоҷикистон ва Пешвои миллат!

 

Ҳамдам НИЁЗӢ,

ҷомеашинос

 


Back to the list