KGU

БА НАФЪИ ВАТАН БАР ЗИДДИ ДУШМАНЕМ!

БА НАФЪИ ВАТАН БАР ЗИДДИ ДУШМАНЕМ! 28.12.2019

БА НАФЪИ ВАТАН БАР ЗИДДИ ДУШМАНЕМ!

 Кабир Бузургзод
докторанти ихтисоси филологияи хориҷӣ

Фарҳод Воҳидов дуруст хулоса кардааст, ки аз Кабирии касифу лаин ҳеҷ нафъе ба мардум намерасад

Хоиниву нафъи ту ба мардум намерасад, 
Ту ҷав ҳаме бикорӣ ба гандум намерасад.
Эй аблаҳи касифу разилу ватанфурӯш,
Барҳақ ту говию, ду шоху дум намерасад. 

                  Бо таъсис додани як ҳаракату паймони хатарзо дар хориҷи кишвар Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки обрӯи бе ин ҳам надоштаашро ба як ҷав фурӯхтааст ва имрӯз як шахси нолозим на фақат барои ҷомеаи тоҷик, балки барои тамоми ҷаҳониён ва ҳатто аҳлу ақрабои худ гаштааст.

         Магар аврупоиёну дигар миллатҳо бефаҳманд, ки барои кори ночизе ба Кабирӣ маблағ диҳанд. Онҳо ӯро шармандаву шармсор кардаанду сарони ҳама кишварҳои дунё бо Ҳукумати ҶТ дар ҳоли ба роҳ мондани робитаҳои ҳасанаи дӯстив уҳамкорӣ қарор доранд. Ин кору пайкори худсӯзу миллаткуши Кабирӣ барои чанд рӯбаҳмиҷози шаурмахӯраки ғарб барои масхараву вақтгузарониашон ҳасту бас, ки афсӯс худи Кабирӣ ва ҳаммаслакони кундзеҳну донотарошаш то имрӯз дарк накардаанд.

Фикр кардаанд, ки онҳо шоху думи зиёдатӣ доранду бо ин фасодкориашон ба мардуми тоҷик хизмат мекунанд? Аз чунин хизмати хирсонае, ки ба обрӯи миллат латма мезанад, ман чӣ, ки 9млн. тоҷик безор аст.

Пас, мо дар пеши худ вазифа гузоштаем, ки бо нафрин ба ҳар як чоплусе чун Кабирӣ ва пайравони ӯ рӯзу шаб, соатҳо лаънат фиристем.

Бо ин ҳам диламон тар намешавад. Зеро ки ҳар аъмоли ношоистае, ки бар зидди давлату ҳукумат ва ба манфиати шахсии худ анҷом додааст, аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳкум мешавад, ва ин миллат аз доштани чунин як фарзанди нохалафе ор мекунад.

Вақте ки одам нафратзадаи мардум аст ва касе бар ӯ дигар бовару эътимод надорад, як аҷуба ва ё лухтаке беш нест, ки риштаи идоракуниашро ҳар сӯ мебаранду тоб медиҳанду ӯ итоат мекунад.

Шарафи инсон итоат бар Қонуну санаду мадорики Ҳукумати мамлакат, Худованди якто ва китоби қудсии ӯ бояд бошад, ки роҳи саодату рӯшноиро мекушоянд, на ин ки пайравии кӯр –кӯрона ба ду-се муллои чалласаводе, ки Исломи поку нобро ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ махлут сохтаву худу дигаронро ба доми фиребу иштибоҳ андохтаанд.

Аз ин гурӯҳи нобакорон ҳарчӣ зудтару дуртар шудан ба манфиати ҳар як шаҳрванд хоҳад буд, зеро ки онҳо ки худ дигар роҳи халосӣ надоранд, аз ҷаҳл ва ноилоҷӣ мехоҳанд, ки ҳар яке аз мо низ гирифтори ин доми бало гардем.

Пас, ақли солии рӯи кор оварда мешавад, то ҳар амалу ҳаракати носипосони миллати тоҷик, ки боиси коста гардидани нуфузу орӯи миллат аст, ҳамаҷониба маҳкум карда шавад.

Аммо онҳо қобили бахшоиш нестанд, зеро ки дар хуну пӯсташон кину зиёноварӣ ба мардум ҷо гирифтаасту аз ин роҳ барнамегарданд.

Ва дар зимн, Кабирии лаин, дониста бош, ки бо он 2-3 нодон, ки дар паҳлӯи туст, наметавон руҳу ғурури ин миллатро дигар шикаст. Миллате, ки як бор ба Шумо бовар кард, аз гӯшаи имону инсоф ва одамият, вале шумо носипосон ҳарчӣ бароятон Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам сохт, ношукрӣ кардеду пушти по задед. Дигар, аз тифли кӯдакистон то пири хиради Тоҷикистон як мақсаду як маром дорад, ки он ҳам ҳифзи марзу буми кишвар, эмин нигоҳ доштани он аз нохалафони аҷнабӣ ва шумо барин тоҷиконе, ки аз рӯи кину ғараз беватану зору ҳақиреду нотавонед.

Дигар касе ҳуқуқи ҳарфи номақбуле дар ҳаққи ин миллат гуфтан надорад ва ҳаргиз пои нохалафе ба ин хоки муқаддас, хиттаи аҷдодони поку бошарафу баору номус нахоҳад расид.

Бе Шумо ҳам ин Ватанро обод мекунем, ҳар як гулу гиёҳаш, ҳар як рӯду ҷӯйи равонаш, ҳар сангу гарди хокашро ба нархи дил ва баҳои ҷон ҳифз хоҳем кард.

Ҳар як амалкарди созандаю бунёдкоронаи мо сангест, ки бар сари Шумо дасисабозону фитнаангезон!


Back to the list