KGU

ПАЁМИ ДУШМАНКУШ

ПАЁМИ ДУШМАНКУШ 02.01.2020

ПАЁМИ ДУШМАНКУШ

Ҳафиз ҚУБОД,

ҷомеашинос

Рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки хеле пурмуҳтаво ва таъсирбахш буд.

Пешвои миллат суханронии хуб карданд ва ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро таҳлилу баррасӣ намуданд. Ин ба шаҳрвандон имкон дод, ки то рушди Тоҷикистони азизро бифаҳманд ва хулосабарорӣ намоянд.

Пешвои миллат хеле инсони бораҳм буда, нафақаи маъюбонро 50% баланд бардоштанд, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи эшон дарак медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрвандро лозим аст, ки дар бораи ин ѓамхориҳо донад ва онро ба дигарон бирасонад.

Гуфта шуд, ки “Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50% зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Ба ҳамаи ин шукр гуфтан даркор аст.

Мухолифини рихин аз ин Паёми пурмуҳтаво чун саги девона надонистанд, ки сарашонро ба куҷо зананд. Пешравии Тоҷикистони азизро ин хоинон намехоҳанд.

Зиндабод, Тоҷикистон ва Пешвои миллат!



Back to the list