KGU

БОНКИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ - ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БОНКИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ - ТАШАББУСИ  НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 03.01.2020

БОНКИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ - ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳабиб Раҳим

Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар бори дигар исбот сохтанд, ки барои мардуми Тоҷикистон Пешвои ғамхору дилсӯзанд ва пайваста барои беҳбуди шарту шароити зиндагӣ, кору фаъолияти ин миллат чораҷӯи мекунанд. Бо ташаббуси Пешвои миллати дар ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ Фонди дастгирии соҳибкорӣ тули чанд сол аст, ки амал мекунад. Барои боз ҳам ҷоннок намудани Фонди мазкур ва соддатару осонтар дастрас намудани маблаӯҳои қарзии имтиёзнок Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки "...Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ БОНК таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад". Ин иқдоми Пешвои миллат бори дигар исбот мекунад, ки вай барои мардуми тоҷик як сарвари ғамгусор, дастгир, дилсӯз ва падари мушфиқ аст.


Back to the list