KGU

Терроризм ҳамчун амали нангин ва осебҳои он ба минтақа

Терроризм ҳамчун амали нангин ва осебҳои он ба минтақа 03.01.2020

Терроризм ҳамчун амали нангин ва осебҳои он ба минтақа

Зоир унвонҷӯ

Терроризм ин хирқи (феномен) ҷамъиятист, ки дар он истифодаи намудҳои гуногуни ҷабр ва таҳдид ва тарсонидани рақибон барои ба ҳадафи муайян расидан, дида мешавад. Мафҳуми “терроризм” дар адабиётҳои илмӣ дар замони ҳозир ҳамчун амали созмонҳои мухолиф фаҳмида мешавад.

Калимаи “террор” аз забони лотинии terror-тарс даҳшат, омадааст. В. Маллисон ва С. Маллисон таърифи зеринро медиҳанд: “ Терроризм ин истифодаи мунтаззами ҷабри фавқулода ва таҳдиди ҷабр барои расидан ба мақсадҳои умумӣ ва сиёсӣ мебошад.” Онҳо террорро барои ҳалли масоили сиёсӣ истифода мебаранд.

Бояд фарқияти “террор” ва “терроризм”-ро қайд намоем. Терроризм аз террор бо инҳо фарқ мекунад:

        -аввалан, террризм- ё амали якбора аст ё ки якчанд амалаи ба ин монанд, на дорои хислати умумӣ балки баръакс хислати маҳалӣ дошта.

-дуюм субъектҳои терроризм на ин ки беохиранд, умуман ягон ҳумкумати расмии таъсисшуда аз болои контингенти он маҳале, ки амалиётҳои онҳо сурат мегирад, роҳбарикунанда надоранд.

-сеюм, агар террор- воқеияти иҷтимоӣ-сиёсӣ бошад, пас терроризм-падидаи хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноӣ дошта мебошад ва зулму ҷабри онҳо барои мақсади муайян дар пасманзари бавуҷудовардашудаи ҳолати ваҳм хислати умумӣ надошта, балки хислати маҳалӣ дорад.

Дар луғати тафсирии В.И. Дал маънии асосии ҳадафи террор қайд карда шудааст- таҳдиди ба марг, қатл, ҷабр. Маънидоди “терроризм” аз ҷониби Дал ба мафҳуми ҳозираи “терроркунӣ” наздик аст: 1) тарсонидан, дар итоат нигоҳ доштан бо таҳдиди ҷабр ва нобудсозӣ; 2) иҷрои ҷазо бо роҳҳои ваҳшиёна ва азобу шиканҷадиҳӣ, паррондан ва ғ. С.И. Ожегов чунин ҷузъиётро таъкид мекунад: “террор- ин ҷабри ҷисмонӣ, то ҳадди нобудсози ҷисмонӣ, дар муносибат бо рақибони сиёсӣ мебошад.”

Терроризм дар ҳамаи намуду нишондод, миқёсу шиддатнокӣ, ва бо ваҳшигарию бераҳмии худ имрӯзҳо ба яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ва умдаи рӯзи аҳамияти умумиҷаҳоӣ мубаддал гаштааст.

Пайдоиши терроризм аз паси худ қурбониҳои зиёди одамон, нобудшавии арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангро ба миён меорад, ки тули қарнҳо наметавон онҳоро барқарор кард. Терроризм нафрат ва нобовариро байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ тавлид мекунад. Амалҳои террористӣ ба зарурияти таъсиси низоми байналмилали мубориза зидди он оварда расониданд. Барои бисёри одамон, гурӯҳҳо, созмонҳо терроризм васила расидан ба ҳадаф ва ҳалли масоил табдил ёфтааст: сиёсӣ, динӣ, миллӣ. Террориз марбут ба он намудҳои ҷиноятҳост, ки қурбониёни он танҳо аҳолии осоишта мебошад, онҳое, ки ба ин низоъҳо алоқае надоранд.

Миқёс ва ваҳшонияти зоҳиршави терроризми моусир, зарурати бурдани муборизаи бетаваққуф бо он пеш аз ҳама бо методикаи ҳуқуқӣ, аҳамияти муҳим доштнаи масъаларо тасдиқ мекунад.

Терроризм- ҳамчун проблемаи глобалӣ, диққати доимӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаро талаб мекунад ва барои ҳамин маҳали васеъи тадқиқро бо пешомади истифодабрии амамлии онҳо мемонад.

Мақсади омӯзиши ин масъала пеш аз ҳама ташхиси табиати терроризм, оқибатҳои манфии он дар рушд ва инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, омӯзиши падидаи терроризм дар низоъҳои байналхалқӣ ва миллӣ ва ҳамчунин ҳолати кунунии мубориза бо терроризм дар саҳнаи байналмилал ба шумор меравад.

Имрӯз терроризм- ин олотест, ки натанҳо алайҳи Ҳукумат, балки бисёр вақт аз ҷониби Ҳукумат барои иҷрои мақсадҳои худ истифода мешавад.

Терроризми муосир дар намуди: терроризми байналмилалї; терроризми дохилисиёсӣ; терроризми ҷиноӣ, ки сирф ҳадафҳои ғаразнок доранд, баромад мекунанд.

Терроризм вақте зуҳур мекунад, ки ҷамъият дар буҳрони амиқ қарор дорад, пеш аз ҳама буҳрони идеологӣ ва низоми ҳуқуқӣ-давлатӣ. Дар чунин ҷамъият гурӯҳҳои мухталифи оппозитсионии (сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ) пайдо мешаванд, ки дар қонунӣ будани чунин ҳукумат шубҳа доранд.

Баъд аз рафтани худ Шӯравии собиқ 8-15 ҳазор ҷангиён-террористонро боқи гузошт, ки имрӯз ба яке аз пояҳои рушди терроризм дар Шимоли Африқо, Босния, Ховари Миёна, Чеченистон, Тоҷикистон ва худи Амрико мубадал гаштааст. Ончи ки дар Босния рафтаистодааст, нишон медиҳад дар навбати худ, ки Амрико мехоҳад мунтазамона дар Урупо фазои террористиро ба вуҷуд орад, то мустақилияти аз ҳад зиёди охириро пешгирӣ намояд.

11 уми сентябри 2001-ум амали террористие ба биноҳои умуиҷаҳонии маракази савдо дар Амрико равона шуда буд ҷони ҳазорон мардуми осоиштаро рабуд. Ин ҷинояти ваҳшиёна моро боз ба хатари бузургатарин, ки ба сулҳ ва некуаҳволии мардум дар тамоми ҷаҳон тадид мекунад рӯ ба рӯ кард. Терроризм ин ҷиноят муқобили башария аст, ки дар ҳадафи онҳо мардум осоишта қарор дорад. Мутаасифона таърих гувоҳи бисёр саҳнаҳои фоҷеавиест замоне, ки терроризм ҷони ҳазорон одмони бегуноҳро барои ба мақсадҳои ваҳшиёнаи худ расидан қурбон кардааст. Аз ин рӯ дар раванди ҷаҳонишавӣ бояд тамоми ҷавонони Тоҷикистон шуури сиёсии худро мустаҳкам нигаҳ бидоранд ва аз пайрави аз ҳар равияю таълимотҳои ифротӣ худори намоянд. Ҳамеша дар фикри ҳимояи манфиатҳои давлату миллат бошанд.

 


Back to the list