KGU

Фаъолияти панҷсолаи ҷавонони Авангард"Пешоҳанг"

Фаъолияти панҷсолаи ҷавонони Авангард"Пешоҳанг" 06.01.2020

Фаъолияти панҷсолаи ҷавонони Авангард"Пешоҳанг"

Санаи 20.12.2019 дар толори филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи ҷавонони фаъоли гурӯҳи Авангард “Пешоҳанг” аз вилоят, шаҳр ва минтақаҳои Ҷумҳури анҷумани вазири корҳои дохили ва ҷамъбасти фаъолияти панҷсолаи ҷавонони Авангард “Пешоҳанг”-и назди вазири корҳои дохили доир гардид. Аз Донишгоҳ тибқи мактуби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Латифов Манучеҳр ва чанд нафар донишҷӯи фаъол дар анҷумани мазкур иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти анҷуман аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари ҷавонони гурӯҳи Авангард “Пешоҳанг” Латифов Манучеҳр дар минтақаи Кӯлоб ифтихорномаи фахри бо чунин мазмун тақдим гардид.

ИФТИХОРНОМАИ ФАХРӢ.

Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “АВАНГАРД” дар гурӯҳи

Ноҳияи Кӯлоб.

Латифов Манучеҳр Зикруллоевич.

Барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳия ватанқдӯстӣ, хештаншиносӣ, оштинопазир будан бо равияҳои экстеремизм ва терроризм, хониши хубу аъло, иштироки фаъолона   дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, интизоми намунавӣ инчунин бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии гурӯҳи ҷавонони “АВАНГАРД”, сарфароз гардонида шуд.

 Фармоиш В К Д Ҷ. Т. №845 аз “12” декабри   2019 сол.

Вазорати корҳои дохилӣ

Генерал-полковники милитсия.                                        Р. Раҳимзода.




Back to the list