KGU

БА “САМОЗВАНЕЦ" СУҲРОБИ ЗАФАР: “САГОН МЕҶАКАНД, РАҲРАВОН БА РОҲАШОН МЕРАВАНД"

БА  “САМОЗВАНЕЦ" СУҲРОБИ ЗАФАР: “САГОН МЕҶАКАНД,  РАҲРАВОН БА РОҲАШОН МЕРАВАНД" 06.01.2020

БА “САМОЗВАНЕЦ" СУҲРОБИ ЗАФАР: “САГОН МЕҶАКАНД, РАҲРАВОН БА РОҲАШОН МЕРАВАНД"

Кабир Бузургзод

докторанти самти филологияи хориҷӣ

Огаҳ шудед, ки ин мухолифони лаин, хоса ин Гурӯҳи мамнӯи 24 интихобот гузаронидаасту барои 2-3 чоплуси дигар Суҳроби Зафарро боз роҳбар ҳам интихоб карда будааст.

Ман ҳайратзада аз он онам, ки ки инҳо ба кӣ раисӣ мекарда бошанд, дар ҳоле аз дасисабозиву тафриқандохтанҳояшон кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ ҳасту онҳо мавриди масхара ва тамасхури оламиёнанд.

Чи аблаҳие! Наход ба он маънӣ, ки ҳамон маблағгузоронатон шуморо масхара карда истодаанд сарфаҳм нарафта, ҳар чӣ ки фармоянд, иҷро мекунед.

Фарз кардем, ки аз нав худро раисинтихоб кардед, бале худатон кардед, зеро ки шумо ба ягон нафаре лозим нестед ва ягон барномае дуруст накардаед ва карда ҳам наметавонед, ки ҳатто барои як нафар ҳам манфиат оварда тавонад.

Чӣ кор аз дастатон меояд? Замоне, ки дар Тоҷикистон бароятон шароит муҳайё сохтанду имкон доданд, ки ана, Ватан, гиреду обод кунед, шумо чӣ кор кардед?

Аз он ки дар дилатон бухсу кина ва ҳасудиву разилӣ чун ҳазорхонаи гов калон аст, миёни ҷомеа даромада, мардумро шӯронидед, нобасомон кардед, ҷангу тафриқа андохтед.

Аз хешу табори худ, аз ҳамдеҳагону ёру рафиқонатон чӣ ки аз Худо натарсидед ва ба сари миллат як бори гароне шудеду нооромиҳоро таҳмил кардед.

Имрӯз бошад, бо якчанд чоплуси нотавонбини дигар аз дур истода, гурӯҳбозиву девонабозии нав сар мекунед?

Ҳеҷ гоҳ ягон амали муғризонаву нопокатон дигар рӯи кор нахоҳад омад ва шумо димгар ҳеҷ гоҳе комёб нахоҳед шуд.

То даст аз ин кирдорҳои ноҷавонмардона набардоред, касе ба шумо ниёз пайдо низ нахоҳад кард кард.

Барои чаҳор соли оянда раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” интихоб нею бозичаи сари дасти душманони миллати тоҷик хоҳи шуд, Суҳроби Зафар, зеро фаъолияти созмони ғиромибозатон аз соли 2014 боз бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон њамчун як созмони экстремистӣ эътироф ва мамнуъ аст.

Ту, хоҳарзодаи ҳамун генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев нестӣ дар марги раҳбари пешини гурӯҳатон Умаралӣ Қувватов раҳбарии “Гурўҳи 24”-ро даст дорӣ, инро бояд ҳамонҳое, ки туро интихоб кардаанд, бояд донанд, то ӯро накуштӣ соҳиби ҷояш нагардидӣ-ку?! Охир ғайр аз ту дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Руссия раҳбари гурўҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ту ҳамроҳӣ мекардӣ-ку?!.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Руссия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми узвият ва тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошт ва баъзеи онҳо зиндонӣ шудаанд ва хешовандони Қувваталӣ низ дараки туро меёбанд ва ту низ кушта хоҳӣ шуд.

"Гуфто, ки киро куштӣ то кушта шудӣ зор,

То боз кӣ ӯро бикушад он ки туро кушт!

Ва ё "Чунин аст расми сарои дурушт,

Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт".

Мусаллам аст, ки таи чанд сол танҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чун дигар хоинони миллат аз дур истода мисли сагон ваққос мезанед, ки ҳеҷ аҳамияте бароямон надорад, зеро гуфтаанд: "Сагон меҷаканд раҳравон ба роҳашон мераванд"

 

 


Back to the list