KGU

ДОДОҶОН ВА МУХОЛИФИН

ДОДОҶОН ВА МУХОЛИФИН 08.01.2020

ДОДОҶОН ВА МУХОЛИФИН

 Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори тоҷик, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, муддати чанд сол шуд, ки сирҳои нуҳуфтаи собиқ ҲНИТ ва Кабириро фош карда истодааст, ки аз ин ба ном мухолифин чун саги девона сари худро ба ҳар тараф мезананд. Намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Роҳи ягонаро дар ҳамлаи лафзӣ бар зидди Додоҷон медонанд ва дар сайтҳояшон пайваста Додоҷонро танқиду масхара ва таҳқир мекунанд.

 Аҷаб ба ном мухолифини гусолатафаккур дорем. Инҳоро чашмонашон кур аст ва ба ҷуз камбудӣ дигар ҳеҷ муваффақиятро намебинанд. Агар Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаӣ як дастоварди бузург ба даст биорад, ҷони ин хоинакон мебарояд, зеро ҳамагӣ ҳасуд ҳастанд ва дар тиннаташон ба ҷуз бадӣ дигар чизе нест.

  Ин бешарафакон бо бесаводии худ тан надода, худро аллома меҳисобанд. Намедонанд, ки бесаводиро пӯшонда намешавад. Чанд рӯз пеш Шарофаки галуи Гуруҳи 24 бо Шаҳло, рӯзноманигори Радиои Озодӣ сӯҳбати видеоӣ кард, ки хандаи ҳамаро ба амал овард. Ончунон ин аблаҳ бесавод аст, ки касе ин видеоро тамошо кунад, лаънат ба чунин мухолифин мефиристад.

 Хулоса, Тоҷикистон беҳтарин ватан аст ва мо бояд онро чун гавҳараки чамш нигоҳ дорем!


Back to the list