KGU

БА ҚАДРИ ҲАР ВАҶАБ ХОКИ ВАТАН БОЯД РАСИД

БА ҚАДРИ ҲАР ВАҶАБ ХОКИ ВАТАН БОЯД РАСИД 09.01.2020

БА ҚАДРИ ҲАР ВАҶАБ ХОКИ ВАТАН БОЯД РАСИД

Ромиш Сафаров 

(Хитоб ба фитнагарони миллати тоҷик)

Нахуст бояд шарҳ дод, ки ҳадафи матлаб ин аст, ки рӯзе аз рӯзҳо иғвогарони берун аз кишвар аз корҳои нафратангези худ пушаймон шудаву ба сарзамини Тоҷикистон бар мегарданд, ки суд нахоҳад дод.

Ҷомеаи моро имрӯзҳо як фасодие ғасб карда истодааст, ки масъулият ва устувори ҳар як фарди ҷомеаро дар ҳифзи манфиатҳои кишвар тақозо мекунад. Зеро истиқлолияти кишвар барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

  Барои халалдор кардани фазои орому осудаи имрӯзи кишвари мо, ноҷавонмардону душманони миллат дар ҳамин дом гирифтаву пайи кинаву адоват мебошанд, то амалҳои сиёҳи худро бароварда созанд. Аслан ин гурӯҳҳоро ифротгароён меноманд, ки бо калимаи терроризм пайвастагї дорад. Терроризму экстремизм ин ду мафҳум тайи чанд соли охир зеҳну шуури мадумро гирифтор кардааст. Бисёре аз кишварҳои тарақикардаи ҷаҳон аз дасти ин гуна диндорону дасисабозон оромии худро аз даст додаанду ҳатто баъзе давлатҳоро шаҳрҳои ободу зебояшон аз гулистон ба гӯристон мубадал гаштаанд, ки ин миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро ором намегузорад.

 Пас моро мебояд, ки аз ин гурӯҳи даҳшатфикан нафрат дошта бошему кишвари азизи худро муҳофиз бошем. Кишваре, ки дар он калон шудаву аз ҳавои он нафас гирифтем. Хамеша пайи кори нек кӯшидан ин вазифаи инсонии мо маҳсуб меёбад.

        


Back to the list