KGU

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! НИЁЗЕ БА МАСЛИҲАТҲОИ КАБИРӢ НАДОРЕМ!

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! НИЁЗЕ БА МАСЛИҲАТҲОИ КАБИРӢ НАДОРЕМ! 11.01.2020

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! НИЁЗЕ БА МАСЛИҲАТҲОИ КАБИРӢ НАДОРЕМ!

Кабир Бузургзод

докторанти самти филологияи хориҷӣ

Ба Кабирии муттаҳами ношуд, ин бор муроҷиате дорем, ки бас кунад иғвоангезиҳои бепояву бемантиқу бешарафонаашро!

Агар дар он мусоҳибае, ки дап Паём.нет анҷом додааст, ҳамин шӯр андохтану мардумро ошӯб гиронданро бедории миллӣ мешуморад, пас, ҳайфо ки куллан хатост, ва ин бор низ тираш хок хоҳад хӯрду шикаст хоҳад ёфт, зеро ки дар Тоҷикистон ҳеҷ эътирозе аз мардум барои ҳеҷ як масойле напечидааст ва ҳар чӣ Ҳукумат анҷом медиҳад, танҳо бо маслиҳати мардум ва ба нафъи ӯ равона гардидааст.

Хушбахтона тайи чанд сол аст, ки бонкҳои ҶТ бо асъори миллӣ доду гирифтро ба роҳ мондаанд, ки мардум бемамониат аз тамоми гӯшаву канори дунё маблағҳо дастрас карда метавонанд.

Пас, беҳуда худро азият мадеҳ, Кабирӣ, ки ин миллат аз азал бедордил буд ва ин туӣ, ки ҳамеша хостори доштани “чароғи хомуше” танҳо ба фоидаи худ ҳастӣ, куҷо монад дар бораи бедории миллӣ фикр карданат!

Мардуми кишвар ва муҳоҷирон, агар як муддат танқиси интиқоли пул доштанд, ин ҳам аз дасти Шумо буд, ки роҳу каналҳои маблағҳоро тасарруф кардани шуморо ошкор шуд. Ҳоло хӯрдани ғами мардум ба ту ҳам намондааст, ана ҳамин хел, ҳар ҷо ки ҳаммаслакони шумо бо маблағу бонкҳо сару кор доштанд, онҳо ошкор шудан ва роҳҳои ҳарромкориву фасодашон баста шуд. Ҳамту фаъолияти ҳеҷ як бонке мононда нашудааст.

Имрӯз муҳоҷирон ҳама маблағҳои захира кардаашонро дар бонкҳо нигоҳ медоранд, фоиз мебардоранд ва камбуди рӯзгорашонро таъмин месозанд. Ту ғами худатро хӯр, ки ба касе дигар пул фиристода ҳам наметавонӣ ва на пул гирифта метонӣ ва он маблағи ҳароми аз хориҷиҳо мегирифтагиатро намедонӣ, ки чӣ тавр масраф кунӣ?!

Боз як силии дигар ба рӯят мезанем, ки ҳеҷ гоҳ худро бо Аҳмадшоҳи Масъуд баробар накун, ки ӯро диле бузурге буд, ки барои миллат метапид ва туро бошад даруни сина қалбест пур аз мансабталошиву ҷоҳу ҷалол ва кину ғараз ва ту нохуни пои Масъуди сипаҳсолори зиндаёд нахоҳӣ шуд!

Ту, яқин бо ин қадар кинварзиданҳот ҳама чизро аз даст додаӣ, ки дигар ислоҳи вазъ кори ту нест ва дасти ту намондааст, зеро ҷойгоҳи кишвари мо ки имрӯз хеле болост.

Аз он ки гуфтаӣ, ки сафи мухолифин бо кундӣ меафзояд, сабаб чист? Мардум фаҳмидаанд, ки ту нобакори мардумозор, онҳоро ба роҳи нодуруст даъват мекунӣ, ба он роҳе, ки даҳҳо нафар ҷавононро гумроҳ сохтиву аз хонаву дар, зану фарзанд бенасиб кардӣ, пас ба ту дигар эътимод нест, аз ин рӯ, беҳуда худро ташвиш надеҳ, ки ҳеҷ кас мухолифи давлату миллати худ намешавад, ин туӣ, беимон ки хиёнат карда тавонистӣ. Мардум хаста нест, балки аз ту бешараф ор мекунаду бо ту ҳеҷ гоҳ намепайвандад. Бо он ду-се нодон, ки дар паҳлуятон қарор доранд, шумо мавҳи абадӣ хоҳед шуд. Мо, ки ватандорем ва бо кӯчактари душмани Ватан дар набард хоҳем буд.

         Аз худ бисёр мисли шайтон таъриф мекунед, ки аз суҳбататон касе баҳра мегирад, ин тавр ки нест. Ҳар як баромаду рӯи экран баромаданатон бо чеҳраи манфуру хукмонанд нафрати мардумро меорад, куҷо монад, ки суханҳои пучу бемағзатонро гӯш карданд. Як масхарбозеро мемонед, ки як пайдо мешаведу ба хотри ду пайса ҳунарнамоӣ мекунед ва боз то фармоиши дигар гирифтанатон. Дареғо, ки сухан ба ту ҳайф аст, марг ба ту баринҳо!Аз ин рӯ сӯи шумо аз як даст садо дорад ва дасти мардуми тоҷик бо шумо ҳамсадо намешавад.

        Дар суҳбат худро пуштибони коммунистоне, мисли Қаҳрамонони Тоҷикистон пиндоштаӣ, чун таърихшиносе ба ҳодисаҳои давр баҳо медиҳӣ? Ин ту, разил набудӣ, ки то фавти Абдуллоҳи Нурӣ тарҳҳои зиёди сари қудрат омаданро кашидӣ ва бо Назарзодаи Ҳалим боз ошӯбгароӣ кардӣ?.

Ин амалҳои нопокатон дар сафҳаҳои таърихи миллат пурнафраттарин сатрҳо хоҳанд буд, ки 7 пушти ояндаи ин миллат низ шуморо намебахшад.

        Лаънат ба он касе, ки бо ту дар бораи ояндаи Ирону Амрико суҳбат кардаву аз як хоини ватанфурӯше нуқтаи назар пурсидааст! Ту ҳеҷ арзише барои ҷавоб додан ва ҳалли масойили сиёсӣ надорӣ, зеро як нафаре ҳастӣ, ки соҳиби қудрат нашудиву ба хориҷ иҷбор карда, мисли сагон ба сӯи миллат аккос мезаниву сангандозӣ мекунӣ. Туро чиву ба сиёсати ҷаҳон сару кор гирифтанат чӣ?!

       Шояд аз сафари хонум Уэлс ба Тоҷикистон ба баданат сӯхта даромад ва яқин, ки масъалаи амниятӣ дар миён гузошта мешавад ва хонуми амрикоӣ, ки ба ту барин мухолифоне, ки ба ватани худ хиёнат кардаанд, баҳои муносиб дода метавонад.

        Он ки Тоҷикстон узви кадом иттиҳод мешавад, ин кор ҳам ба дасти ту нест ва ҳеҷ касе ба маслиҳати ту ниёз надорад. Барои ҳамааш вақту соат лозим аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо вусъат додани саноату иқтисод ин масъаларо пайгирӣ хоҳад кард.

        

 


Back to the list