KGU

Маҳфили "Рӯзғордорӣ"

Маҳфили "Рӯзғордорӣ" 18.02.2020

Маҳфили "Рӯзғордорӣ"

Санаи 18.02.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Рӯзғордорӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил раиси шӯрои занон Табарова Зарторбӣ ва ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ Шарофат Худойдодова иштирок намуданд. Дар чорабинӣ намоиши сарӯлибосҳо, хурокҳои миллӣ ва тарзи омода намудани якчанд таом ба намоиш гузошта шуд. Дар рафти маҳфил аз тарафи донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ омода шуда буд, ки пешкаши меҳмонон гардид. Ин чунин аз тарафи ҳакамонон ба духтарони факултетҳо оиди рӯзғор дори саволҳо пешкаш гардиданд, ки ҳама гулдухтарон ба саволҳо посухи дуруст ва амиқ доданд. Баъд аз анҷоми маҳфил аз тарафи садорати Донишгоҳ ба духтарони фаъол сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави тақдим гардид.

  

 


Back to the list