KGU

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БА ИФРОТИЁНУ ҲАНГОМАҶӮЁН НАФРИН МЕХОНАНД

16.03.2020

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БА ИФРОТИЁНУ ҲАНГОМАҶӮЁН НАФРИН МЕХОНАНД


Кабир Бузургзод

Докторант

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

БА ИФРОТИЁНУ ҲАНГОМАҶӮЁН НАФРИН МЕХОНАНД

  Ба ифрот бурдани ҳар як ҳаводиси дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуқуъ пайваста кори “дасти сеюм” дар ин ё он давлат маҳсуб меёбад. Ҳодисаи чанд рӯзи пеш- ба таҳлука андохтани мардум оид ба хатари коронавирус дар Тоҷикистон ба манфиати “дасти сеюм” буд ва инро бояд ошкоро гуфт.

Ҳадафи нахустини онҳое, ки бо ҳангомаҷӯӣ вазъиятро ноором кардан мехоҳанд, ҳадафҳои нопок ва ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории хар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷахонӣ хатар эҷод мекунад.

То имрӯз акидаҳои ифротиро ташкилотҳои махсуси манфиатдори хоричӣ таблиғ ва интишор мекунанд ва барои анҷом додани ғаразхои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом ва мазҳабу боварҳо такя мекунанд, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ аз ҳама гуна вазъият истифода мекунанд. Дар асл амалҳои риёкорона ва зишти онҳо бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Ва натиҷаи амалиётҳои нопокашон ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳро раҳгум сохтану хонавайрон кардан асту халос.

Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паём ба Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувох аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи чаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

      Боиси таассуф аст, ки шаҳрвандони Ҷумхурии 'Тоҷикистон низ имрӯз дар сафи ташкилотхои байналмилалии террористӣ, экстремистӣ шомиланд ва нанговартар ҳамин аст, ки як гурӯҳи беномусон аз Ҳизби мамнуъи наҳзати исломи Тоҷикистон имрӯз обрӯи худро ба як тини пучак фурӯхта, аз дур истода ба сари миллат санги маломат мезананд.

        Вобаста дастгириҳои сарвари давлат, ки насли ҷавонро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат муайян намудаанд, ҳамеша ҷавонон бояд дар хотир бояд дошта бошанд, ки сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба Точикистон овард, нодиртарин ва ҷимматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон cap бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои давлатсозии навини таърихи миллат нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Воқеан ҳам, имрӯз Ватани азизамон ба ҷавонони соҳибмаърифат, донишманд, забондон, аз лиҳози сиёсӣ обутобёфта ниёз дошта, давлату ҳукумат низ барои тарбия ва ба воя расонидани онҳо, таъмини солимии ҷисмониву рӯҳии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Ҳамин аст, ки душманони миллат аз рашку ҳасад чӣ гуфтану чӣ кор карданашонро намедонанд ва ҳамеша пайравони Пешвои миллатро зери ӣтозиёнаи танқиду мазаммат мегиранд. Вале ҷавонони давари Истиқлолияти Тоҷикистонт ҳеҷ гоҳе ба ҳарзагӯиҳои бегонапарастону ватанфурӯшони бедину имон гӯш нахоҳанд дод ва бо дарки масъулияту имони ватандлорӣ марзу буми аҷдодиро ба нангу номус ва садоқати беандоза ҳифз менамоянд.

          Дар ин радиф, дар заминаи таҳлили амиқи вазъи сайёра ва афзудани таъсири ин падидаи номатлуби аср, мавзӯи муқовимат ба экстремизм ва терроризмдар фаъолияти ҷавонони тоҷик мақоми меҳварӣ касб намуда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонон ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои давлату ҳукумат дар самти мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм муттаҳид гардида, барои ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва зиракии сиёсӣ саҳми муносиб мегузоранд.

        Аз ҳамин рӯ, он қишри лаънатзадаи паймоншикан бо роҳбарии Кабрии лаин, дониста гирад, ки на фақат насли бузургсоле, ки ба сараш даҳшати ҷанги шаҳрвандиро овардед, балки насли ҷавони имрӯзи Тоҷикистон аъмоли зишту кирдору рафтори бадхоҳонаи Шуморо дар мизони ақл баркашида, ба шумо нафрат мехонанд ва бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, илму донишандӯзӣ хокатонро аз рӯи замини муқаддасии аҷдодӣ ба   бод хоҳанд дод!

         Нест бод, паймони паймоншиканонаи сияҳкорони давр!

 


Back to the list