KGU

Биёед қабул намоем

Биёед қабул намоем 20.03.2020

Биёед қабул намоем

Санаи 19.03.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ толори маҷлисгоҳи ошёнаи 2- бо мақсади боз ҳам фаъол гардонидани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ чорабиние таҳти унвони «Биёед қабул намоем!» баргузор мегардад.

Сухани ифтитоҳи ба ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагоги Рафиев Сафархон дода шуд, ки дар баромади худ зикр намуд "мо бояд ба хотири бозҳам баланд бардоштани дониши донишҷӯён ва омодасозии онҳо дар озмун, олимпияда ва маҳфилҳо кушиш намоем ва маҳфилҳои фанни ҳар моҳ сари вақт гузаронида шавад".

Дар чорабинии мазкур мудирони кафедраҳо, роҳбарони маҳфилҳои илмии кафедраҳо, ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва аъзоёни фаъоли маҳфилҳо иштирок намуданд.

Сипас аз ҷониби Раёсати илм ва инноватсия лоиҳаи низомномаи намунавӣ барои маҳфилҳои кафедраҳо ба саҳми ҳизирин расонида шуда.

Дар охир аз ҷониби Раёсати илм ва инноватсия рейтинги маҳфилҳои кафедраҳои,ки дар 3 моҳаи аввали соли 2020 муайян карда шуда буд, ба роҳбарони 3 маҳфил, ки холҳои баландро дар рейтинг соҳиб гашта бо сипосномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

1; Ҷураев Далер роҳбари маҳфили «ДУНЁИ СИЁСАТ»-и

кафедраи сиёсатшиносӣ.

2; Одинаев Комрон роҳбари маҳфили «I like English»-и кафедраи

забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он.

3; Ҳалимова Мавҷуда роҳбари маҳфили «Зелёная лампа»-и кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими он.

  

 


Back to the list