KGU

МУХОЛИФИН АЗ КАРОНАВИРУС ҲАМ МАНФИАТ МЕҶӮЯНД

27.03.2020

МУХОЛИФИН АЗ КАРОНАВИРУС ҲАМ МАНФИАТ МЕҶӮЯНД

Фотеҳ АЗИМӢ,
ҷомеашинос

 

Мардуми шарафманди тоҷик ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро бо шукуҳу шаҳомати хосса бо иштироки Пешвои мардумии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифтанд. Мухолифини бечораи аблаҳ инро дида, чун мӯши ба қафас афтода беқарору бебарор шуданд. Ёфтанд баонаро! КОРОНАВИРУС!

Боиси таасуф аст, ки ҳоло ҷаҳонро таҳдиди коронавирус ноором сохтааст, аммо хушбахтона ба Тоҷикистон он ворид нашудааст, зеро давлату ҳукумат тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ҳамаи олимону профессорон барои пеши роҳи ин вирусро гирифтан мубориза бурда истодаанд. Тамоми давлатҳо режиму карантинҳояшро пурқувват карда истодаанд. Тоҷикистон низ ба ҳар воситаю усулҳо профилактикаҳои худро дар истгоҳҳою гузаргоҳҳои сарҳадӣ пурқувват карда истодааст. Ба воситаи телевизиону радио, ВАО ҳама гуна ташвиқу тарғибро паҳн карда истодаанд. Шахсоне, ки аз хориҷи кишвар вориди кишварамон мегарданд, ҳатман ба мӯҳлати ду ҳафта таҳти карантин ва назорати табибон қарор мегиранд. Аз ин рӯст, ки дар кишварамон то ҳол ягон нафар беморӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Душманони миллати тоҷик аз дур истода, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди давлату миллати тоҷик ҳар гуна овозаҳоро интишор менамоянд. Ҳадафу нигоҳ ва амалҳои ин беномусакон ва дигар зердастонашон ғаразнок аст, пас онҳо ҳеҷ гоҳ хубиҳои Тоҷикистонро дида наметавонанд. Бо ҳар роҳу усул бо бадномкунӣ ва танқидкуниҳои беасос рӯоварӣ менамоянд.

Чи хеле, ки Президенти муҳтарам қайд карданд, мо ҳама мушкилиҳоро паси сар мекунем. Бовар ҳаст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳама мушкилиро дармеёбад. Обу хоки ин диёр, табиату гиёҳҳои шифобахши ин кишвар намегузорад, ки ин беморӣ вориди ин мардум гардад ва ҳар тақдиру тадбир ба хости ӯст.

 


Back to the list