KGU

ҲАНГОМАҶӮЁН ҲАМА ЧИЗРО БА ИФРОТ МЕБАРАНД

04.04.2020

ҲАНГОМАҶӮЁН ҲАМА ЧИЗРО БА ИФРОТ МЕБАРАНД

Кабир Бузургзод,
докторант

         Шурӯъ аз охири соли 2019 хуруҷи коронавирус ба масъалаи глобалӣ ва пандемия мубаддал гардида, нахуст дар қаряи Вуҳани Ҷумҳурии мардумии Чин ва имрӯз дар беш аз 70 фисади кишварҳои ҷаҳон паҳншавии ин вирус таҳдиди ҷиддӣ карда истодааст ва боиси таассуф аст, ки роҳи халосӣ аз он ва ё ваксинаи пешгирии ин вирус ёфта нашудааст.

Бояд гуфт, ки сарчашмаҳои таърихӣ сабабҳои пайдоиш ва пахши бемориҳои сироятиро дар қатлу куштор, партофтани ҷасадҳо ва боқимондаи коркардшудаи ашёи хом ба обҳои пок арзёбӣ кардаанд. Абӯалӣ Сино дар китоби «Қонун» чунин бемориҳои сироятиро ба мисли тоъун ва вабо аз муносибати нооқилонаи инсонҳо бо табиат ва олами вуҳуш, аз ҷумла муш ва дигар хояндаҳо маънидод намудааст.

Дар садаи 20-ум бемориҳои зиёде ба монанди Вич/Спид, Эбола, Зукоми мурғ, Зукоми хук ва инак Короновирус хуруҷ намудаанд, ки бевосита ба инсоният зиёни ҷиддӣ расонидаанд.

        Мисол овардан аз таърих ба он хотир аст, дар такя ба гуфтаҳои олимони соҳаи тиб ва бахусус ба дастурҳои алломаи Машриқзамин Бӯалӣ Сино бояд, ки барои пешгирӣ ва раҳидан аз ин хатарҳо, шаҳрвандон пеш аз ҳама ба покиву тозагии хонаву ҷои кор, маҳалли зист, кӯчаву дигар макони ҷамъшавии зиёди одамон риоя намоянд. Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки риояи гигиенаи шахсӣ роҳи асосии пешгирии ҳама гуна бемориҳо буду ҳаст.

Вобаста ба ин, набояд ба гуфтаҳои бадхоҳони миллат ва башарият аҳамият дод, ки имрӯз аз ин ҳолат истифода бурда, бо ҷаҳолату нодонӣ боз ҳам мехоҳанд, андешаҳои ботилу муғризонаро ба майнаи одамон ҷой диҳанд ва бо ҳар роҳе осудагиву оромии ҷомеаро халалдор созанд. Аз ҷумла, бо истифода аз боварҳои динии мардум ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ривоятҳои номатлубу фикрҳои нолоиқро ба мардум талқин менамоянд.

Тавре аз мушоҳида бармеояд, чанде пеш овоза паҳн карданд, ки кадом нимчамуллое дар хоб дидааст, ки гӯё дар миёни варақҳои китоби Қуръон мӯи сар ва мижжаи пайғамбарамонро ёфта об карда хӯранд, гӯё аз ин вирус эмин мемонанд. Ва бисёре аз тоҷирон бо мақсади ба даст даровардани пули муфт овоза кардаанд, ки агар захираи кофии орду равған набошад, дигар аз ин вирус халосӣ намеёбанд.

Дар маҷмуъ, бояд таъкид кард, ки ин кори ҳамон бадхоҳони миллат аст, ки ҳангомаҷӯёна дар миёни аҳолӣ шуру валвала мехезонанд ва шукрона, ки мардум бо ақли солим дарк намуд, ки ин ҳама иғвоангезиҳо ба зарари онҳост ва мебояд чораҳои бехатарӣ, тозагӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ дар мадди аввал қарор дод ва ин ҳар гуна сироят дар амон буд.

        Боқӣ, мо бояд ба ҳеҷ як ҳангомаи душманони сулҳу ваҳдати кишвар, ки бешубҳа пайт меҷӯянд, то кишвар ноором бошад, аҳамият надиҳем ва бо маърифати баланду ақли расо баҳри пешгирӣ ҳама гуна хатар ва бемориҳо чораҳои саривақтиро ба роҳ монда, солими худ ва аҳли ҷомеаро ҳифз намоем.


Back to the list