KGU

ОТАШИ РАШКУ ҲАСАДИ МУХОЛИФОН БОЛО МЕГИРАД!?

08.04.2020

ОТАШИ РАШКУ ҲАСАДИ МУХОЛИФОН БОЛО МЕГИРАД!?

Кабир Бузургзод,
докторант

         Аз он ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, Кабирии лаинро ба изтироб овардааст. Аз ин гуна ранг гирифтани кор, бовар кунед, дӯстони олами маҷозӣ, ҳайратзада шудам, ва бори дигар ба тоҷик будани ин ҳаромзодаи фосиқ шубҳа кардам.

Охир, ин вирусе, ки имрӯз ҷаҳонро дар таҳлука андохтаасту ваксинаи мувофиқро барои нест кардани он ҳанӯз касе кашф накардааст, ба муносибати муғризи туву Ҳукумати тоҷик чӣ рабт дорад, ки аз он сӯи уқёнус истода ба мо тавсия пешниҳод менамоӣ?. Беномусӣ ҳам ҳад доштагист ба фикрам, барои беимоне чун ту, пастфитратӣ сарҳад ҳам надоштааст!

Дониста бош, аё разили нобакор, ки ту бар зидди бастани дари масҷидҳои ҷомеъ ҳастӣ, оё фикр намекунӣ, имрӯз дар ин масҷидҳо, дигар на пайравони ту, балки ҷонибдорони мазҳаби поки Имоми Аъзам намоз мегузоранд, ки барои кулли мусулмонони тоҷик, хоса ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон азизанду муътабар ва бастани дари масҷидҳо ба он хотир аст, ки ҳеҷ як бандаи мусалмоне зарару зиён набинад.

Дигар ин ки, ба ҷои тасаллӣ додану пулҳои аз хоҷагонат ҷамъовардаро барои ҳамватанон фиристодану масраф кардан, мегӯӣ, ки Ҳукумат чораандешӣ намекунад? Э, марги ту барин “тоҷик”, нафрат ба ту, бале ту дар “” тоҷик ҳастӣ, зеро барои тоҷик гуфтанат забони кас намегардад. Оқибат пасмондаю манқурт буданатро собит кардӣ, зеро гирифторӣ ба ба бемориро ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад.

Ту, ки худ дар саргаҳи хавфҳои гирифторӣ ба ин бемориҳо ҳастӣ, шояд чун пештара, монанди як буздиле акнун бо истифода аз “ғамхориҳои” хоҷагонат, сар аз хона ҳам берун намекунию маводи зиёди зиддивурусии ройгонро дида ҳушат рафтаасту ба миллат таъна мезанӣ?

Лекин дониста бош, ки миллати тоҷик аз азал ба ҷаҳониён тамаддун овардааст ва дар ин рӯзҳои барои ҷомеаи башарӣ хеле душвору ҳассос аз тавсияҳои алломаи бузург, падари тибби ҷаҳон Бӯалӣ Сино дасти кор гирифта мешаваду ворисони ин нобиғаи нотакрори миллати тоҷик, бо ана ҳамон таъмизкориву маърифату фарҳанги волии ободкорию сабзгардонӣ, бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Ватан, хушбӯиҳои ҳар рустании аз ҷиҳати экологӣ безарари диёри аҷдодӣ бар зидди ҳама вирусу микробҳои зараровар мубориза мебаранд.

Миллати тоҷик бар худ илми Синоро гирифт,

Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт. 

Дар ин росто, вируси аз ҳама хатарноку зиёновар, шумо, мухолифони миллатед, ки мебояд ба решаатон сирко ва ё ягон маводи кимиёии сӯзонандаро рехт, то ба баргу бун нарасида несту нобуд гардед.

Ва чунин мавод ҳам ҳаст, ки он нафрати бепоёни мардуми ватанпарвару худогоҳ ва фарзандони бонангу ори миллати тоҷик мебошад.

Шумо бошед, на аз вируси паҳнгардидаи корона, балки дар оташи рашку ҳасади худ, сӯхта хокистар хоҳед шуд ва ба ин 100 андар 100 боварӣ дорем.


Back to the list