KGU

...АҚЛ ҲАМ ЧИЗИ ШАРИФ АСТ, БА ҲАР КАС НАРАСАД!

13.04.2020

...АҚЛ ҲАМ ЧИЗИ ШАРИФ АСТ, БА ҲАР КАС НАРАСАД!

Кабир
муҳаққиқи ҷавон

         Таи чанд соли охир ба мушоҳида мерасад, ки иддае аз ҷавонон гумроҳ мешаванд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ мепайванданд.

Бояд гуфт, ки шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо сабабҳои гуногун дорад, ки барои худи онҳо ва аҳли хонаводаву иқтисоди милли ҳар кишваре паёмади ногувору хисороти ҳангуфти ношумурданӣ меорад.

Ҳамин ҳолати нанговару амалҳои ғайриинсонист, ки даҳҳо ҷавонони кишварҳои мухталиф тавассути Руссияву Туркиё ба ДОИШ кашида шуданд ва низ беному нишон гардиданд.

Агар роҳҳои ҷалби чунин ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ таҳлил намоем, маълум мегардад, ки ҷамъе сатҳи пасти иқтисодӣ доранду ба муҳоҷират мераванд ва аз он ҷо ба ваъдаҳои бардуруғи мубаллиғони ДОИШ ба сангари ҷангҳои мазҳабӣ кашида мешаванд.

Гурӯҳи дигар, ки аслан вазъи начандон бади иқтисодӣ доранд, аз рӯи ҳавову ҳавас бо мақсади сайру саёҳати соҳилҳои Анқараву Истамбул ба доми фиреби зархаридони дингаро меафтанд.

Агар жарфтар назар кунем, пояи ҳама ин зудбоварию ишколу шикебоӣ аз сатҳи пасти шуурноки ва бемаърифатии худи ҷавонон бастагии амиқ дорад, чаро ки ҳар кадоме онҳо дар синни наврасию ҷавонӣ, ки замони азхуд кардани донишҳост, ба ҷои рӯ ба китоб овардану таҳсили дуруст гирифтан дар муҳитҳое, ки чанд муллои чалласаводи аз асрору маънии Қуръон ноогаҳ дар зеҳнашон фақат тарбияи бебақо будани дунёро ҷо кардаанд.

Охир ин китоби муқаддаси динӣ дар худ ба роҳи рост рафтану аз илмҳои замона бохабар будану ҳар як шохаи илмро барои осоиши умр истифода кардану дар ин дунё некию сахованпеша буданро барои дастгирии охират тӯшае омода карданро талқин мекунад, на ин ки бо гирифтани номи Оллоҳ инсониятро куштану ба ӯ зиён расондан.

Мо, ки тоҷикем ва дини муъбини Ислом дини мост, чун пайравони мазҳаби Имоми Аъзам мебояд, аз сари сидқ, тоҷикона ба он амал намоем, зеро мо на арабу аҷнабии ғоратгаре нестем, ки биёбонгарду сиёҳпӯш бошем ва бар асари гарду ғубори қумзорҳои бепоён ба сару рӯи худро бонувон чодар кашем ва мазҳаби дигаре дорем, ки исониятро бадабахт созад.

         Мо тоҷикем ва ҳамеша бояд ба асолати худ содиқ буд, садоқати тоҷик будан, ба он маъност, ки ҳеҷ як миллати дигаре чун тоҷик тоҷдор нест, тоҷи тиллоии ин миллат фарзандони барӯманд, нобиғаҳои нотакрори олами илму ирфони он Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Синову Берунӣ, Хаёму Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмону даҳҳо нафари дигар мебошанд, ки тамаддуни оламшумул ва пурғановатро аз насл ба насли ин миллат бо навгониҳои мондагор эҳдо кардаанд.

        Аз ин рӯ, ҷавонон набояд, ки кӯр – кӯрона ба андакхондаҳои дингарои бесавод, ки динро барои ба таҳлука андохтани мардум истифода мекунанд, бовар кунанд. Зеро ақли ин тоифаи камсаводу беарзиш ба он намерасад, ки ҳар кӣ аъмоли неку хайру савобе мекунад, ӯро саодату рӯшноӣ подош аст.

         Дарвоқеъ, дар ҳар коре ақлу заковат лозим аст ва маҳз бо фазлу дониш метавон пеши роҳи амалкардҳои нодурусту номашрӯъро гирифт.

Онҳое, ки ҷавононро аз роҳ мезанад ва акси амалро талқин мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳе гуноҳи худро шуста наметавонанд, зеро аз бемаърифатону бешууронад ва набояд фаромӯш кард, ки:

“Пари товус латиф аст ба каргас нарасад,

Ақл ҳам чизи шариф аст ба ҳар кас нарасад”

         Ҳамеша дӯсту душманро фарқ кардан лозим, ҳаргиз фирефтаи ҳарфи онҳое, ки Шуморо бо “ширинзабонӣ” аз роҳи рост берун мекунанд, дода нашавед, бисёр китоб мутолиа кунед, то сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонед.

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Аз он ки ҷони худу дигаронро дар хатар мемонеду боиси маъюсиву навмедии аҳли хонаводаатон мегардед, ҷавонони азиз, камар маҳкам бубандед, хизмати Ватан-модар ба ҷо биёред, зеро ватандорӣ- имондорист. Биҳиште накӯтару хубтар аз оғӯши Ватан нест.


Back to the list