KGU

Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ

Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ 25.04.2020

Ҳафтаи илм дар Донишгоҳ

Бо фармоиши №113 аз 15.04.2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 20.04.2020 то 25.04.2020 ҳафтаи илм эълон гардида буд.

Рӯзҳои 23-25-уми апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2019 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040), баргузор гардид.



Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия санаи 23.04.2020 дар доираи маҳдуди иштирокчиён баргузор гашт, ки сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо ва 4 маърӯзаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1. Нигоҳе ба таъриху тамаддуни Саразм. Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими он;


2. Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саноатикунонии кишвар. Ғаффоров С., номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физика, методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо;

3. Таъмини рушди инноватсионии саноати миллӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ. Расулова Л.Н., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ;  

  

4. Нақши витаминҳо дар солимгардонии организмҳои зинда. Маҳмадалиева Амина донишҷӯи курси 4-уми факултети химия, биология ва география, баромад намуданд. 

Баъд аз шӯнидани маърӯзаҳои мазкур кор дар бахшҳо давомкард.

  



Back to the list