KGU

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – ПАЙМОНИ РОҲГУМЗАДАГОН АСТ!

28.04.2020

ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – ПАЙМОНИ РОҲГУМЗАДАГОН АСТ!

 Манучеҳр Латифов
Коргузор

Бояд тазаккур дод, ки 27 солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи пур аз шебу фарози ватандорию ватанпарастии мо тоҷикон буда, баҳри наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар сабақи пурарзиши таърихӣ мебошад. Пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дере нагузашта, неруҳои ҳангомахоҳ, ки нияти сохтани давлати диниро доштанд, бо ташкил кардани мубоҳисаҳои доманадор ва кашидани баҳсу мунозираҳои майдоннишинӣ, вазъи сиёсии давлати ҷавони тоҷиконро ошуббарангез сохта, бар души мардуми кишвар ҷанги шаҳрвандии харобиоварро бор намуданд. Дар натиҷаи ба вуқӯъ пайвастани ин ҷанги ҳамдигаркушӣ тоҷикон талафоти калони ҷонӣ дода, маконҳои ободу зебо ба харобазор табдил ёфтанд. Танҳо бо доир намудани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Сарварии давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи хотима бахшидан ба муқовиматҳои хунин ба миён гузошта шуд. Ба шарофати худсӯзиҳо ва иродаи устувори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳмату талошҳои шабонарӯзии ӯ ва неруҳои солими ҷомеа дар мамлакат сулҳу субот, оромиву осудагӣ бунёд гардида, мардум бо як болидарӯҳи ба азнавсозии Ватани азизамон пардохтанд. Кишвар дар як муддати кутоҳ қадамҳои устувор гузошта, аз бунбастҳои коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва камбуди озӯқаворӣ берун баромад. Аммо боз ҳам хоинону ватанфурӯшоне буданд, ки дар пайи тағийр додани режимҳои сиёсии давлат ва ноором сохтани вазъи сиёсӣ буда, пайваста бо хоҷагони хориҷии худ корҳои тарғиботу ташвиқотии зиддидавлатӣ мебурданд ва ҳоло низ ба комёбиҳои беназири мо бо чашми бад менигаранд. Нуктаеро ҳамеша бояд хуб дарк намуд, ки вақт довар аст, чунки хоинони бадбахти миллат дар ниқоби ислом тамоми корҳои ғайриахлоқиро пешаи асосии худ қарор дода, бояд бо ҳар роҳ ба хоҷаҳои дар хориҷи кишвар қарор доштаашон исбот менамуданд, ки пули ваъда кардаи онҳоро бо амалҳои харобкорӣ ва нооромсозии кишвар, бармегардонанд. Онҳо чандин бор барои расидан ба ҳадафҳои зишти худ, ҷавонони ноогоҳ ва камсаводу бесаводро гумроҳ карда, хостанд амалҳои зиддидавлатиро анҷом диҳанд. Маълум аст, ки инсонҳои зархарид инсонҳоеро мегӯянд, ки барои пул пеш аз ҳама номуси миллии худро мефурӯшанд. Барои чунин инсонҳо, ки барои ба даст овардани маблағе номуси аҳли оилаашро мефурӯшанд, дигар на арзишҳои миллӣ ва на ватандорӣ камтарин арзише надорад. Воқеан, онҳое ки зери шиори “Наҳзати ислом” мардуми содаандешро ба раҳгумиҳо мебурданд, имрӯз бо як гурӯҳ ҷинояткорону ҷиноятпешагон дар хориҷи кишвар ташкилоти сияҳкореро зери унвони “Паймони миллӣ” ташкил намудаанд, ки ин созмон аслан тӯдаи роҳгумзадагоне мебошанд, ки аз илму дониш ва фарҳанг дар дурӣ қарор доранд. Мақсади асосии ин Паймон ҳамон ҳадафи пешинаашон мебошад. Яъне дигаргун сохтани фикру ақидаи мардум, ба вижа ҷавонони нохудогоҳ. Нияти ин хоинони ватанфурӯш вайрон кардани ватани ваҳдатсарои мо ва ба харобазор табдил додани гулистонҳои Тоҷикистони зебо мебошад. Моро мебояд, ки дар ҷомеа пеш аз ҳама заковату дониши худро сайқал дода, нагузорем, ки чунин ашхоси бадсигол ва сияҳкор даст сӯи оромиву осудагии мардуми кишвар ёзонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти хирадманду ояндабин мардумро барои ободу зебосозии Ватан раҳнамун сохта, талош меварзад, ки то ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мамлакат аз як кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёбад.

Мо ҷавонон бо донишу фаҳмиши замонавии худ намегузорем, ки хоинони ватанфурӯш дар куҷое, ки камин нагирифта бошанд, ба осмони сулҳу суботи мо ғубор оваранд. Баҳри ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан ҳамеша мекӯшем ва барои нигаҳбонию оромияш ҷону тан дареғ нахоҳем дошт.. Мо ҷавонони Кӯлоб Паймони нобакоронаи душманони миллатро Паймони дастаи ифротиёни роҳгумзада эълон намуда, намегузорем, ки ақидаҳояшон ба фазои Ватани азизи мо дохил гардад.



Back to the list