KGU

МУХОЛИФОН НА ТАНҲО БА ВАТАН ХИЁНАТ КАРДААНД, БАЛКИ ДИНУ ИМОН ФУРӮХТААНД

04.05.2020

МУХОЛИФОН НА ТАНҲО БА ВАТАН ХИЁНАТ КАРДААНД, БАЛКИ ДИНУ ИМОН ФУРӮХТААНД

 Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойли сиёсӣ

Акнун, ки дар Тоҷикистон мавҷудияти коронавирус расман эълон шуд, ин сагҳои ҷаккок ба мисли Кабирии лаин ва чанд тани худобехабари дар хориҷи кишвар қарордошта, ки барояшон Ватану модар ҳеҷ арзише надорад, ҷои он, ки фикр кунанд, ки ин вабо ба сари тамоми башарият омадааст, аз ин хушҳол шуда, бори дигар бемағзиву ғайриинсон буданашонро собит мекунанд. Аз ин беғамию душмани инсоният буданашон маълум аст, ки шири модар нахӯрдаанд ва хомии рӯҳиву забонӣ доранд.

Ҳар кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест

Ё одам нест, ё аз ин олам нест.

Охир як биандешед! Магар дар дунё нафаре ҳаст, ки бемор шудан хоҳад? Магар сарваре ҳаст, ки аҳволи ҳазину нотавони давлату миллаташро дидан хоҳад? Чунин дар ҳеҷ давру замон набуд ва нахоҳад буд!

Ва бояд гуфт, ки ин ки имрӯз ин вируси наҳсу шум дар рӯи ҷаҳон чарх мезанад, низ аз муносибати бешууронаи одамон ба табиату Замин аст.

Шояд, хонандаи матолиб дарк кардаанд, ки ҳамин инсон аст, ки ба зарари инсони дигар шуурашонро ба кор мебарад ва паҳн кардани чунин вирусе ба монанди вируси тоҷдор, аз беақливу бефаросатии чунин одамоне сар зад, ки онро ихтироъ ва паҳн карданд, ё дар вақти таҳия намудани кадом як маводи биологӣ ба хатокорӣ роҳ доданд. Бубинед, ки натиҷаи беандешагии худи инсон ба ӯ чӣ қадар зиён овард.

Пас чаро аз чунин вазъият истифода бурда, шумо мухолифони миллати тоҷик, айбу гунаҳро ба гардани афроди алоҳидаву сарвари давлат мезанед?

Магар , Воситаҳои ахбор, ки аз дар Тоҷикистон мавҷуд набудани вирус таъкид мекарданд, такя бар маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ надоштанд? Оё ниҳоди тахассусиву болотаре буд, ки аз он маълумоти дақиқ гирифта шавад?

Вале, Шумо, аз он ҳадс мезадед, ки Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд доштани вируси тоҷдорро пинҳон мекунад.

Маълум аст, ки вируси нав дар шакли дигар-яъне пневмония зуҳур кардааст, ки ин ҳам муаммо аст барои ошкор нашудани коронавирус ва танҳо ташхиси 10-15 нафари рӯзҳои охир онро тасдиқ карданду Вазорати тандурустӣ, ки аз ин пеш ҳам чораҳои пешгириро пурзӯр карда буд, боз ҳам барои мувоҷеҳ нашудани теъдоди зиёди шаҳрвандон тадбирҳои мушаххаси беҳдоширо амалӣ карда истодааст.

Умед дорем, ки хеле зуду сабук ин вирус аз Тоҷикистони биҳиштосои мо ва тамоми кураи Замин несту нобуд мешавад, вале асари захми он суханҳое, ки мухолифон ба хотири барпо кардани ҳангомаву ба таҳлука андохтани мардум дар расонаҳои онлайнӣ иншо карданду гуфтанд, боқӣ мемонад.

Бо итминон метавон гуфт, ки ин ҳама андешаву назарҳои ботилу ғайриинсонии Шумо, мухолифин, бозкушояндаи чеҳраи аслии манфур шумост, ки дигарбора ифшо гардид. Ва дониста бошед, бори дигар боло гардидани ин пардаи бешармию беҳаёгӣ аз рӯи шумо, нафрати аҳли ҷаҳонро нисбататон зиёдтар намуд, зеро ки дар хориҷи кишвар худро тоҷик ва мусалмону пуштибони дини Ислом муаррифӣ кардаеду бар зидди миллати тоҷик боз ҳам борони туҳмату ҳарзаву бӯҳтон рехтед!

Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба иттилои СҶТ бовар карду имрӯз ҳам бо аниқ кардани беморӣ аз ҷониби табибон онро расман эълон кард.

Аз он, ки шумо беодобона ва бешуурона мелақед, ки масҷидҳо баста асту намози ҷамоат намегузоранду дигару дигар, магар намеандешед, ки ин ҳама тадбирҳо ба хотири зиён нарасонидан ба аҳолӣ равона гардидаасту сарчашмаҳои динӣ низ дар ин ҳолат эҳтиёткории одамонро таъкид намудаанд. Агар Шумо, воқеан ба Худо бовар дошта бошед, ҳамон Худои ломакон ҷонро ба ҳар инсон амонат додааст ва бояд ҳар шахс бехатарии ҷони худро онро то рӯзи бозпас гирифтанаш таъмин намояд, яъне амонати додаи Худовандро хиёнат насозад.

Лекин, афсӯс, шумо чандон имону эътиқоди комил надоред, аниқтараш ин арзишҳои диниро, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошанд, ба қиммати як маблағи ночизе аз хоҷагони хориҷиатон, фурӯхтаед!

Пас, нафрату даънат ба Шумо, ки аз душманони на фақат миллати тоҷик , балки тамоми башариятед!


Back to the list