KGU

НАНГУ НОМУС АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

13.05.2020

НАНГУ НОМУС АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойли сиёсӣ

Аз гӯшаи хаёли касе намегузашт, ки рӯзе ҷаҳон дар ҳалқаи пандемияи коронавирус мемонад ва низ касе тахмин намекард, ки инсон бар зидди инсон ин қадар беадолативу рафтори ғайриинсониро раво дида тавонад. Аммо чунин шуд, чун як амри табииву тасодуфӣ, ба ақидаи баъзеҳо, бозии абарқудратҳо барои зарба ба иқтисодиёти ҳамдигар, ё ҷанги биологӣ ва ҷанги психологиву ва даҳҳо фарзияҳое пайдо шуданд, ки боз ҳам инсоният пайдоиши вируси тоҷдорро ба сари ҳамдигарӣ бор мекунанд.

Аммо, афсӯс, ки ин фарзияву тахминҳо вазъи паҳншавиро ҳеҷ тағйир дода наметавонанд, илло ки тадбирандешиҳои давлатдорон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию риояи гигиенаи шахсӣ, зеро ҳеҷ як кишваре орӣ аз чанголи ин вируси марговар намонда, чун ин бемории сироятӣ аст ва дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва фосилагирӣ байни ҳамдигар эҳтимоли гирифтор шудан меафзояд.

Дар ин ҳол, ҳангомаҷӯёну тафриқаангезон, беномусону беимононе дар давоми чанд моҳи ахир аз ин вирус як яроқи идеологӣ сохта, аз он ҳамчун як василаи мағзшӯӣ истифода бурда истодаанд. Охир такрор ҳам шавад, мегӯям, ки ҳеҷ кас кафолати гирифтор нашуданро дода наметавонаду ин бемағзҳои “мағзшӯ” аксарияти буҳронҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимро дар ҳаёти башарӣ сарфи назар карда, ҷиҳати ҷангадозии давлатҳову миллатҳо аз он ҳамчун фишанги нави фишор дар шаклгирии муносибатҳои нави байналмилалӣ аз он суд бардоштаниянд.

Бале, хонандаи азиз! Муродам аз ин навиштаҳо ҳамун баромадҳои бепояи роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Боз ин саги аккос, аз ҳар вазъи кишвар як саҳна месозаду худро бо ғуруру салобат пуштибони миллат нишон доданӣ мешавад. Гӯё ҳама кору ҳама чиз дар Тоҷикистон бад асту ӯ аз ғами ҳамватанонаш дар ҳоли хориву забунӣ қарор дошта бошад! О, рӯсиёҳ, ту, ки дар ким куҷоҳаке панаҳ бурдаиву бароят ягон қонуни Тоҷикистон писанд нест, пас чаро буздилӣ карда гурехта рафтӣ, бо пешниҳоду андешаҳои ҷолиб дар беҳбуди вазъ саҳм мегирифтӣ, мемурдӣ?

Аммо хайрият, ки ҳамин Шумо мухолифон, ба хориҷ кӯч бастеду, каме тинҷ шуд, вале чун сагон аз ваққидан намондед, ки намондед!

Боз ин чӣ бозии нав аст, ки роҳандозӣ карданд, намегӯед?

Чун дар Тоҷикистон ҳанӯз нафаре мубтало нагардида буду, ин нобакорони лаин тариқи расонаҳои ба иғво машғул аз аз ин ҳолат сӯистифода карда, зеҳни мардумро бо тарсу таҳлука аз буҳрони коронавирус бештар карданӣ мешуданд.

Бо расман ба қайд гирифтан ин вирус боз ҳам ин манфиатчӯён ва мухолифони миллати тоҷик нағмаву усули нави изҳори хусумату бадбиниро ба роҳ монда, эълон нагардидани мавҷудияти коронавирусро ҷиноят ҳукм карданд.

Охир бо кадом далел? Магар бе далел мумкин аст, ки чизеро наомӯхтаву насанҷида, саросемавор эълон кард? Ба як кас туҳмат задану эрод гирифтан кори осон аст ва пушти компютер нишастану ҳарфҳои бардурӯғ чидан ин ҳунар нест. Агар пеш ҳам аз мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон мегуфтанд, фитнаҷӯён факту далел миепурсиданд ва имрӯз, ки дақиқ санҷида шуда, эълон гардид, боз ҳам намедонанд, ки чӣ иғвое барангезанд. Ба қавле “На дар наъл ҳастанду на дар пошна”!

Худоё, ин чӣ намуд одамӣ бошанд, ки ба кадом ҷониб майл доштанашонро намедонанд? Хайр, фарз кардем, ки фаҳмидед, ки кор аз кор гузаштааст ва вирус паҳн шудааст. Оё, ғайрату имкони аз хоҷагонат маблағ пурсидан доред, ки ба як тоҷик кӯмак кунед? Ҳаргиз! Шумо ба ғайр аз васвасаву нифоқандозӣ ва худро ба беномусӣ партофтан ба коре қодир нестед!

Ин тавр, ки бошад, ҳеҷ ташвиш накашед, мо, бо роҳбарии Пешвои миллат ҳам нон меёбем ва ҳам ба мардум медиҳем, ҳам онҳоро ба табобати сартосарӣ фаро мегирему ҳам аз хатари вируси ҳамагир мераҳонем!

Оре! Мо пирӯз мешавем, зеро ҳар яки мо дасту дили пок, нангу номус дорем, имони мустаҳкаму қавӣ дорем ва ба сари ҳаммилатонамон ҳеҷ гоҳ санг намезанему санги худро, чун шумо хиёнатпешагон, паст намекунем.

Шумо, беномусонед, ки барои як миқдор маблағи ночиз “аз пашша фил месозед”-у худро назди хоҷагонатон ширин мекунед.

Коратон ба ҳеҷ як масойили рӯзгори мо набошад, ҳамон “х..зании”хоҷагонатонро идома диҳед, шояд ба ҳолатон тараҳҳум кунанд.


Back to the list