KGU

ДАР ҲОШИЯИ МАН-МАНИҲОИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ -24 СУҲРОБИ ЗАФАР

04.06.2020

ДАР ҲОШИЯИ МАН-МАНИҲОИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ -24 СУҲРОБИ ЗАФАР

Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойли сиёсӣ


Ним шабошарӯзе пеш боз ин намояндаи мухолифини кишвар, ки шояд аз “навозишҳои хоҷагонаш” маҳрум мондаву пайи дарёфти “қутти лоямут” супориши навбатӣ гирифта буд, паси экрани торномаҳои интернетӣ пайдо шуду ҳай ман-манӣ карда, худу ҳамтоёни мисли коҳи саҳро ва хаси болои об беарзишашро бо сарвари миллати тоҷикон дар қибол гузошт, ки ростӣ, “хара ханда омаду буза бозӣ”!

Ӯ боисрор мегуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бемории руҳӣ дорад, ки гулу гулзорҳо бунёд кардаву ҳар гӯшаи кишваррро ободу зебо кардааст. О, нохалаф, охир ҳадафу мақсади Президенти кишвари Тоҷикистон дар он шабу рӯзҳои хуруҷи коронавирус ҳарчӣ мардумро сархушу ба зиндагӣ дилгарм кардан, ба дилашон таҳлука наандохтан ва зеру тарсу бим қарор надодан буду халос. Дар ин росто, дар ҳама шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, тавассуси рӯзномаву маҷаллаҳо ва волонтёрону табибони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ пурра ба роҳ монда шуда буду кӯчаву маҳаллаҳо то эълон гардидани аввалин сироятёфтагон бо вируси КОВИД-19 поккорӣ мешуданд.

Дар ҳамин зимн, тавбаву сад тавба охир, бемор шумоед, ки на фақат обод карда наметавонед, балки аз тирагии оқлу ботинатон ҳатто ба ин ободкориҳо нигоҳ кардан берун аз доираи имконоти виҷдону имонатон аст!

Ё бигӯ, ки аз дур истода боисрор талаб карданат, ки дар Тоҷикистон ин вирус вуҷуд дорад ва ҳукумат инро пинҳон медорад, мардумро безобитаву зору маҳзун карданат, магар нишонаи душманиву беинсофию ноадолатиатон нест? Ва худатон дар ин ҳолат чӣ кори хайру савоберо анҷом додед? Боз истода дар бораи ким-чӣ хел инқилоб ҳарф мезанеду, онро бо мардум фаҳмондадиҳӣ унвон карданӣ мешаведу боз даҳҳо нағмаву усули кӯҳнае, ки дар гузашта аз он дасти кор гирифтеду худро шарманда ва овораи 7 мулк гардонидед?. Як бор чунин нобасомониҳо аз дасти шумо назҳатиҳои беимон ва чандин гурӯҳҳои дасисабозе чун шумо ба сари мардум наҳсиву хунрезӣ ва талхиву гуруснагӣ оварда буд, бо айби шумо ҳазорҳо азизону наздиконамонро аз даст дода будем, ин навбат дигар ба ҳарфҳои пучу бемағзи шумо касе бовар ҳам намекунаду аз худатону кӯмакатону ҳама “хизматҳои хирсонаатон” безоранду аз аъмоли ноодамиёнаатон огоҳ!. Чӣ расад ба шумо ҳамроҳ шудану боз ба сӯи миллати худ санги маломат задан?!

Он вақт низ ҳамин Пешвои миллат, ки ҳоло ва ҳамеша ҳама айбу гунаҳро ба ӯ бор карданӣ мешавед, ӯ буд, ки шуморо авф карду соҳиби мансабу вазифа ҳам, вале афсӯс ки бо ақл наандешидед?!

О, худат мегӯӣ, чанд гурӯҳҳоро мегӯем, биёед, шуморо ба Ватан баргардонем, то 21 рӯзи карантин бо хӯрока таъминатон кунем, бо шумо бовар намекунанд-ку, охир боз такрор ҳам шавад, ин муҳоҷирону муҳассилини тоҷики дар хориҷабуда соҳиб доранд ва раисҷумҳури мо тадоруки оварданашонро дида истодаанду хобгоҳу беморхонаҳои муваққатиро низ ба пешвозашон омода намуда истодаанд.

Эй, баддаҳони шумнафас, чӣ мардумро дилбардорӣ мекунӣ, ки дар хона бимонанду аз телефону интернет истифода кунанду дигару дигар? Ин интернету дар хона мондану, бо хӯроку маош таъмин намудану аз ҳавои тозаи Ватан нафас кашидана ҳамин

Пешвои миллат муҳайё кардааст на ту – “самозванетси пуштибон”-и мардум!

Яъне ки, гуфтаниям, аз ин лаҳзаҳои душвору ҳассос истифода карданӣ нашаваед, гурӯҳҷамъкуниву худнамоишдиҳиву худсафедкунӣ накунед, ки ба шумо боварӣ нест!

Мо, нерӯи бузургем, мо Худо дорем, илми оламгири Сино дорем, мардуми боақлу боидрок ва сарвари оқилу фарзона дорем, ки сиҳативу некӯаҳволии аҳолиро таъмин мекунанд ва ниёз ба маслиҳату машварати чоплусонаву авомфиребонаи ҳеҷ як ҳоҷапарастони хориҷӣ надорем!

 


Back to the list