KGU

ДУРӮҒИ НАВБАТИИ “AKHBOR.COM”

06.06.2020

ДУРӮҒИ НАВБАТИИ “AKHBOR.COM”

Кабир Бузургзод

муҳаққиқи масойли сиёсӣ


Сари нангу номуси ватандорӣ сухан гуфтан ҳанӯз ватандӯстӣ нест ва бояд дар амал нишон дод, ки чӣ гуна манфиате ба мардуму миллат расонида метавонӣ, то ватандори асил бошӣ?

Вале имрӯз, иддае аз “ватанхоҳон”, ки дар хориҷи кишвар қарор гирифтаанду корашон ба ҷузъ иғвобарангезӣ дигаре нест, хаёл мекунанд, ки мардуми дар диёр буда, ин кирдорҳои ноҷавонмардонаашонро намефаҳмида бошанд.

Ҳамин чанд рӯз пеш сомонаи “Akhbor.com” матлаби носаҳеҳу бардурӯғеро нашр намуд, ки   на фаврӣ буду  на асоси воқеӣ дошт ва гӯё ёриҳои башардӯстонаро ёвару ронандаи раиси шаҳри Кӯлоб фурӯхта бошанд?!. Ва боз шарм накарда, ин манбаи мухолифи Тоҷикистон “Тафсилоти дигари ин боздоштҳои пурсару садо ҳанӯз маълум нест”- гуфта иттилоъ медиҳад.

Эй, худобехабарони мардумозор, магар ҳамон “буз”-ҳое, ки ин ҷо бар ивази маблағҳои ҳангуфт киро кардаед, хабари дурӯгро пешкашатон мекунанду тафсилоташро гуфта наметонанд, оё ба чашматон “хок” намепошанд? 

Бо ин матлаби дурӯғин, Салимпулли аблаҳ, ҳам худатро беобрӯ кардиву ҳам хоҷаҳои маблағгузоратро!

Охир он ёрии башардӯстона, ҳамон соати расидашуда ба ниёзмандону табибон тақсим карда шуда, дар анборҳои дорувории беморхонаҳо низ ҷойгир шуд. 

Дониста бошед, ки мардуми Кӯлоб мисли Шумо чашмгурусна ва муҳтоҷи як шаурмаи назди хориҷиҳо набуду нест. Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, ки Кӯлоб дар блокадаи иқтисодӣ буд, шермардонаш роҳ ёфтаву орду гандумро ба аҳолӣ дастрас карданд, мисли Шумо думашона хода карда, пеши хориҷиҳо нарафтанд.

 Дар ин рӯзҳои вазнини хуруҷи коронавирус бошад, тамоми фаъолон соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳри Кӯлоб бо эҳсоси баланди  инсондӯстиву ватандорӣ ва бо дастгирӣ аз  сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ба табибон, ҳамшираҳои тиббии беморхонаҳо ва шахсони эҳтиёҷманд пайваста кӯмак карда истодаанд, ки ин боиси аҳсану офарин аст. 

 Шумо бошед, шармандаву шармсор аз оненд, ки ба ҷои паҳлӯи ҳамватанон истода дасти кӯмак дароз кунед, бо ҳар баҳонае сӯи миллат сангандозӣ мекунед, то шомгоҳатон пеши хоҷаҳои лутиатон хуш гузарад ва “навозиш”-атон кунанд!

 Марги Шумо барин, тоҷик, ҳатто шуморо тоҷик гуфтан дуруст нест ва забон ҳам намегардад..



Back to the list