KGU

МУХОЛИФОН ҲАМ ТЕРРОРИСТАНД, ЗЕРО ДИН, ИМОН, МОДАР ВА ВАТАН БАРОЯШОН ВОЖАҲОИ БЕГОНААНД

15.06.2020

МУХОЛИФОН ҲАМ ТЕРРОРИСТАНД, ЗЕРО ДИН, ИМОН, МОДАР ВА ВАТАН БАРОЯШОН ВОЖАҲОИ БЕГОНААНД

Кабир Бузургзод,
муҳаққиқи масойли сиёсӣ 

Ин рӯзҳо “Ахборком” ҳар хабари росту дурӯғро нашр намуда, худро миёни мардум “маҳбуб” нишон доданӣ мешавад. Гӯё, фақат масъулони ин сомона “журналисти воқеънигоранду” дигарон не.

Лекин ҳушдор додани ман ба Шумо, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки ба ҳар хабари дурӯғин дода нашавед, ва агар онро “Ахборком” пешниҳод карда бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ.

Дар ин сомона, онҳое ҷамъ омадаанд, ки пуштибонӣ аз мухолифи кишвари тоҷик доранд, ва ба қавле, агар матлабе барои нашр наёбанд, “ думи саги тоҷик каҷ”-гуфта, ягон чиз менависанд.

Барои чӣ хотирнишон месозам, ки ба онҳо бовар накунед, зеро ин гурӯҳҳо бар ивази пул тан, ватан, модар, фарзанду духтари худро фурӯхтаанду дар вуҷудашон аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ- инсофу виҷдон дигар чизе намондааст.

Ҳамин Мирзо Салимпур, ба ӯ чӣ намерасид, ки ба ин пастфитратӣ даст зад?

        Наход дар Ватан истода, ҳамчун журналист, камбуди ҷомеаро ифшо карда, роҳи ҳаллу фасли қонуниашро нишон дода, номдор шудан мумкин набуд? Мумкин буд, то бо мардум ҳамроҳӣ ва ҳамраъӣ нишон дода, тавассути худи онҳо мушкилоташонро ҳал кард. Аммо, афсӯс, ки мисли зархаридоне, ки пеши чашмашонро пулу мол, сарвату ҷоҳу ҷалол гирифтааст, дигар ин Мирзо низ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайваст ва маззаи шаурмаи бо пули ҳаром ба дастомадавуҳам “навозишҳо”-и хоҷагони лутии хориҷиашро чашид, ки дигар наметавонад, аз онҳо дил канад.

Оре! Ҳар як нафаре, ки аз ин гурӯҳҳо боздошт мешавад, хатои содирнамудаву ба ифротиён пайвастанашро дарҳол эҳсос намуда, пайи ислоҳи худ мешавад ва аз дигарон хоҳиш мекунад, то ба фиребу найрангҳои ҳеҷ як сарварони ҳизбу ҳаракатҳои хориҷи кишвар амалкунанда нагардида, ақли солимро кор баранд ва ними нони ба об тар карда хӯрда дар ватанро ба ҳеҷ як дороии дунё надиҳанд.

        Мисоли рӯшан, ҳамин аз зиндон озод шудани яке аз занони фаъоли ҲНИТ-и мамнуъ дар Тоҷикистон Зарафо Раҳмонӣ, ки қурбонии навбатии роҳбари охири ҳизб Муҳиддин Кабирӣ гардидааст. Баъди ба озодӣ баромадан, Зарафо изҳор дошт, ки аз ӯ барин як журналист, чӣ гуна бо роҳи фиреб фаъоли ҳизбӣ сохтанд ва дар лаҳзаҳои мушкил худашон бо аҳли оилаашон ба хориҷа гурехта рафтанду дигар Зарафо ба онҳо нолозим шуда монд.

Ин бону ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки аксари аъзои ҳизб дар Ирон таълими ҳарбию сиёсӣ гирифтаву дар кушишњои барпо кардани табадуллот дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 даст доштаанд. Ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ имрӯз низ чӣ журналистони мухолиф ва чӣ гурӯҳу паймонҳои таъсисдодаи мухолиф дар хориҷа, як мақсад доранд: ноором сохтани вазъ дар кишвар ва барои ин амалҳои нопоку ношоистаашон маблағҳои калон аз сарпарастони хориҷаашон мегиранд, ки агар саркашӣ кунанд ва аз бадном сохтани Тоҷикистон даст кашанд, муҷозоти калон онҳоро интизор хоҳад буд. Акнун, ки барои Кабирию Гадоеву, Салимпуру Шерзамону Суҳроби Зафару дигарон, ки муқаддасоти миллӣ вуҷуд надорад, дигар модару хоҳару бародар, ки ҳеҷ!

Имрӯз онҳо фақат дар фикру пулу сарват ҳастанд, бехабар аз он, ки беватану бекафан хоҳанд мурд.

Андешаи ботили дигар ин аст, ки Мирзо Салимпур бо хабаргузориҳояш тариқи Ахборком, худро ҳамчун мухолиф ва хоини Ватан ба намоиш гузошт, зеро ҳеҷ як журналисти ҳақиқӣ ба ивази пулу мол ватанашро намефурӯшад, мисле ки ин аблаҳи рӯсиёҳ карда истодааст. Агар Ватан дар варта ҳаст, журналист ҳаст, ки дар раҳо ёфтани он мекӯшад ва агар дар кишвар ободонию созандагӣ ҳаст, ҳамоно журналист аст, ки ба ҷаҳониён таблиғаш мекунад. Андешаи ниҳоӣ атрофи амалкардҳои ин мухолифон, хоса журналистони хиёнаткор он хоҳад буд, ки онҳо ҳуввият, дину мазҳаб, ватану модар надоранд ва террористу экстремист маҳсуб меёбанд. Аз дигар сӯ чун ватандорӣ ин имондории ҳар фардро нишон медиҳад, аз ин тоифа дигар мунтазири амали неку шоистае будан, мантиқе нахоҳад дошт.


Back to the list