KGU

МУХОЛИФОН ЧОПЛУСОНИ ФУРӮХТАШУДААНД

20.06.2020

МУХОЛИФОН ЧОПЛУСОНИ ФУРӮХТАШУДААНД

Кабир Бузургзод
муҳаққиқи масойили сиёсӣ

Имрӯз мақолаи бисёр ҳам таҳлилию пурмуҳтавои сиёсатшиноси барҷастаи тоҷик, коршиноси масъалаҳои сиёсӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо “Чоплусӣ, ватандорӣ ва “фабрикаи ҷавоб”-ро ба пуррагӣ мутолиа намуда, аҳсан гуфтам ба ин шахсият, ки бо далелҳои бисёр ҳам қавӣ ба хонандаву истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҳамаи он нафароне, ки шояд аз бекории зиёд, маводи гуногунро мехонаду зери постҳо посухҳои номатлуб менависанд ва бисёриҳоро ба чоплусӣ муттаҳам мекунанд, ҳушдори мантиқӣ додааст.

Шахсан, ман ҳам ба мисли Абдулло Раҳнамо ҳеҷ як мансабу вазифаи давлатӣ надорам, ки ба чоплусию суханпардозӣ машғул шавам, то соҳиби мансаб шавам. Вале ҳаводиси солҳои ахири ҷаҳон, бахусус, ҳарзагӯиҳои мухолифон аз хориҷи кишвар дар зеҳни ман, ҳамчун тоҷик ва муҳаққиқи ҷавон як барангезандаеро мемонад, ки дигар аз чоплусии мухолифон пеши хоҷагонашон барои дарёфти маблағ бениҳоят ба шӯру ғазаб меоям. Ва таи чанд сол аст, ки аз кирдорҳои ноҷавонмардонаи мухолифони кишвар дар саҳифаи худам, тасмим гирифтаам, ки ба онҳо лаънату нафрин фиристонам, то дигарон низ донанд, ки ин нобакорон, ин миллати бо азобу машаққатҳои зиёд ба ҳам омадаро аз нав баҳам заданиянд.

Зеро ба гуфтаи устод Абдулло Раҳнамо барои ман“ бар хилофи қутбгириҳои нерўҳои сиёсӣ ва идеологӣ, арзиши мафҳумҳои меҳварие чун ватан, миллат, давлат, манфиатҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту осудагии мардум, низоми сиёсӣ, ахлоқу маънавият, адолати иҷтимоӣ ва ғайра ҳамеша побарҷой мемонад”. Ҳамин аст, ки дигар мақсаду ҳадафе надоштам ва низ надорам, ки ин корро барои манфиати худ ё ба даст овардани қутти лоямуте анҷом дода бошам. Дар ин маврид ҷонибдори шоирони тавоное низ ҳастам, ки аз Ватан ҳифз мекунанд, Ватанро ситоиш мекунад, руҳияи ватандӯстити мардумро боло мебаранд, ки ин ҳеҷ ҷои чоплусие надорад.

Ва дуруст аст, ки “намояндагони расмии давлат, хидматчиёни бахшҳои идеологӣ ва ё иттилоотӣ аз назари сохторӣ, кормандони бахшҳои ҳукумат маҳз барои татбиқу таблиғи ҳамин сиёсату арзишу меъёрҳо кор мекунанд, ки ки вазифаи хидматии худро иҷро мекунанд, низ ба кор бурдани истилоҳи чоплус ва туҳмати тамаъ дар ҳаққи онҳоҳам ғайримантиқӣ ва ҳам беинсофист”.

        Фикр мекунам, ҳаминак, ба мухотабони ман маълум гашт, ки чоплус асосан кист?

         Ҳар нафаре, ки аз дастовардҳои миллату Ватан, ободкориву созандагиҳои он, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардумаш иншо мекунад, ин музаффариятҳоро васф мекунад, ӯ соҳибватани аслист, зеро хизмати воқеиро ба Ватан-модар қарзи шаҳрвандии худ медонад .

Дар қиёс бо ин қишри ҷомеа, чоплусони беимону бедуну бе нажод, онҳоеанд, ки ба хотири пулу мол, ҷоҳу мансаб ба ҳукумати феълӣ мухолифат намуда, худ, зеҳну шуур ва ҳастияшонро фурӯхтаанд.

Инро дар мисоли ҲНИТ-и мамнуъ бо роҳбарии Кабирии ифротӣ, белаёқату беандешаҳое чун Суҳроби Зафар, Мирзои Салимпур, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамон мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ин рӯзҳо мехоҳанд бо афкору андешаҳои аҳриманӣ ва заҳҳокӣ зиндагии орому осоиштаи сокинони Тоҷикистони биҳиштосоро халалдор намоянд.

Нафрати беандозаам, ба онҳо зиёдтар аз он шуд, ки дар давраи фаоргирии тамоми кишварҳо ба коронавирус ин тоифаи палид, мавқеъ ва муъхолифати худро шадидтар намуда, ҳатто хостори марги чанде аз афроди саршиносу фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон шуданд, ки обрӯи бе ин ҳам надоштаашонро резонд.

Пас, охирин андешаам ва муроҷиатам ба хонадагони ин матлаб он аст, ки ҳеҷ гоҳ ба хиёнаткорону мухолифон бовар накунед, ва агар фурсат меёбед, ҳар рӯз ба онҳо дар посухҳо тамғаи чоплусӣ занед ва лаънат фиристед, зеро хиёнат ба Ватан нобахшиданист.


Back to the list