KGU

Намоиши филми «Хиёнат»

25.08.2020

Намоиши филми «Хиёнат»

Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуд.
Пас аз тамошои филм донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ оид ба бардоштҳои худ аз тамошои филм суханронӣ намуданд. Ҷолиб он буд, аксарияти тамошогарони филм дар солҳое, ки воқеаҳои хунини ҳамдигаркушии тоҷикон (1992 - 1993) рух дода буд, ё ҳанӯз таваллуд нашуда буданд, ё дар синни кӯдакӣ қарор доштанд. Донишҷӯён дар шигифт буданд, ки наход тоҷики мо ба чунин ваҳшониятҳои содир кардаи аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом, даст бурда бошанд. Ба хусус саҳнаҳои тифлони бемори ноҳияи Фархор, ки аз ҳисоби гуруснагӣ ва хӯрдани нони гандуми гиёҳҳои заҳрнок дошта гирифтори бемории сироии «гелиатроп» гашта, бо ишками варам ҷон додаанд ва ё дар бочкаҳо ҷой кардани асирон, таҷовузи духтарон ва истинтоқи одамон дар ҳаммоми ноҳияи Вахш, ҳамаро дар ҳайрат гузошта ба нафрат водошт.
Донишҷӯён як – як суханронӣ намуда ба душманони Ватан, ба Ҳизби наҳзати ислом, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ – экстремистӣ номида шудааст ва ҳоло бо номҳои дигар дар хориҷи кишвар панаҳ бурда, корҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатии худро идома медиҳанд, лаънат фиристоданд ва ба гурӯҳи кории ин филмнома изҳори сипос намуданд.
Дар ҳақиқат филми «Хиёнат», парда аз чеҳраи воқеии шуми террористонро бардошта, нишон додааст, ки тафовуте дар миёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва ДОИШ дида намешавад. Талошҳои ҳар ду ба самти ба нестӣ расонидани фарҳанги миллӣ, дар қайди зулмоти асримиёнагӣ ҷой кардани мардумон мебошад.

Back to the list