KGU

ТАҚДИМИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

ТАҚДИМИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ 27.08.2020

ТАҚДИМИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Ҳамасола бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону дигар қишрҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Дар ҳамин радиф, чунин соҳибкорони ташаббускор дар арафаи оғози соли нави таҳсил ба 150  нафар толибилмони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб сару либоси мактабӣ тақдим намуданд.

Бояд гуфт, дастандаркорони ин ташаббус аслан хатмкунандагони ҳамин муассиса буда, дар гузашта барои таъмиру тармим ва ободу зебо кардани мактабашон кӯмаки амалии хешро расонидаанд.


Back to the list